Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия-талаби замон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда
Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар арафаи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ бо иштироки намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони ҲХДТ доир ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда, аз ҷумла афзуданд, ки зарурати ворид намудани ин тағйиру иловаҳо, пеш аз ҳама, ба хотири мутобиқ намудани ин санади муҳими сиёсӣ ба талаботу меъёрҳои асноди байналмилалӣ, пешрафту густариши ҳамаҷонибаи Тоҷикистон, мутобиқ намудани калимаҳо ба меъёрҳои забони давлатӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои давлатдорӣ, вазифаҳои давлатӣ ва амсоли инҳо ба миён омадааст.
Директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ доир ба инъикоси ҳаматарафаи ҷараёни омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ иброз дошт, ки тамоми чорабиниҳои марбута сари вақт тавассути сомонаи расмии агентӣ инъикос шуда, ҳамаи онҳо ба тариқи барномаҳои радиоӣ дар Радиои «ҒМ Ховар» пахш шуданд. «Барои пайгирӣ ва инъикоси фаврию саҳеҳ ва объективонаи раванди раъйпурсии умумихалқӣ тамоми ҳайати эҷодии агентӣ муваззаф шуда, умед аст ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд инъикос гардад, зеро тамоми кормандони АМИТ «Ховар» ва Радиои «ҒМ Ховар» бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ба хотири рушди Тоҷикистон аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун) ҷонибдорӣ намуда, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок хоҳанд кард», — тазаккур дод Саидалӣ Сиддиқ.
Маврид ба зикр аст, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шароити имрӯза талаби замон буда, барои таҳкими пояҳои низоми демократии кишвар, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои шаҳрвандон ва сокинони мамлакат мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, бояд ҳар як шахс дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, мавқеи худро дар чорабинии сиёсӣ мушаххас намояд, зеро ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин санади муҳим дар оянда имкон фароҳам меорад, ки пояҳои давлатдории тоҷикон боз ҳам қавитар гарданд.












«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






