Зоти Ислом поку беолоиш ва рисолаташ башардӯстист

Май 11, 2016 15:23

Душанбе, 11.05.2016/АМИТ «Ховар»/. «Дини мубин ислом дини рифоҳ, сулҳу осоиш ва ба зоти худ поку беолоиш буда, ба хотири саодатманд кардани инсонҳо беш аз 1400 сол муқаддам зуҳур намуда, аммо дар шароити муосир баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳу ифротгаро онро ҳамчун василаи ғаразнок ва зӯроварӣ истифода намуда, ба номи поки Ислом, ки тараннумгари арзишҳои олии инсонист, иснод меоранд». Матлаби мазкур 11 май дар ҷараёни баргузории ҳамоиши байналмилалии илмӣ-амалии «Фаъолияти инсондӯстона ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона дар ислом», ки дар Душанбе доир гардид, садо дод.
Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳайати Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он олимон, рӯҳониён ва коршиносони ватанию хориҷӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ширкат доштанд.
Файзулло Баротзода -директори Маркази исломшиносии назди Президенти кишвар дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» гуфт, ки баргузории ҳамоиши байналмилалӣ идомаи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зеро Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи арҷгузорӣ ба арзишҳои волои дини мубини Ислом дар байни сарони кишварҳои мусулмонии ҷаҳон мақоми шоиста дорад.
Дар ҳамоиши байналмилалӣ олимону коршиносон ва рӯҳониёни ватанию хориҷӣ роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи башардӯстона, сабабҳои зуҳури фаъолияти барбаронаи ба ном Давлати исломии Шому Ироқ, ки дар кишварҳои Сурия ва Ироқ амалҳои нангини худро пиёда месозад, инчунин ба вайронкорию қатлу куштор ва дигар амалҳои зишти гушношунид даст задани ДОИШ ва ҳазорҳо нафар мардуми осоиштаро бехонумон намудани онҳо, нақши дини мубини Ислом дар ҳифзи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ибрози назар намуданд. Таъкид шуд, ки Ислом на танҳо дин, балки фарҳанг буда, дар он эҳтироми инсонҳо ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи башар ҷойгоҳи арзишманд дорад.
Дар ҳамоиши байналмилалӣ фаъолияти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар кишварҳои мусулмонӣ, ки дар онҳо ҷангу муноқишаҳо идома дошта, нооромӣ ва бесуботӣ ҳукмфармост, назири Сурия, Ироқ, Яман, Афғонистон, Судони Ҷанубӣ, Сомалӣ, Фаластин ва инчунин Украина муаррифӣ гардид.

Май 11, 2016 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид