Қаллоби «хонафурӯш» ҷазо гирифт
Душанбе. 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар мурофиаи ошкорои судӣ парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Расулов Фурқатҷон Ҳамидович, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи вилояти Суғд, ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ёва, кӯчаи А.Насриддинов, хонаи № 147 бо айбдорӣ аз рӯи моддаи 247, қисми 4, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.
Суд муайян намуд, ки Ф.Расулов аввалҳои моҳи июли соли 2015 аз суханони шиносаш М.Ҳакимова хабар ёфтааст, ки шаҳрванд Каримова Раъно Латифовна мақсади харидани манзили истиқоматӣ аз биноҳои навбунёд дар маркази шаҳри Душанберо дорад. Номбурда, бо мақсади қаллобӣ, дар фикри тасарруфи маблағҳои Раъно Каримова афтода, тавассути шиносаш М.Ҳакимова бо шаҳрванд Р.Каримова шинос шуда, худро соҳибкори муваффақ муаррифӣ намуда, ба боварии ӯ даромадааст. Ф.Расулов бо роҳи фиреб Р.Каримоваро бовар мекунонад, ки гӯё дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, бинои №84 се манзили сохтмонаш нотамоми истиқоматӣ дар ошёнаи шашум дорад ва онро бо нархи 700 доллари ИМА барои як метри мураббаъ метавонад фурӯшад.
Ҳамин тавр, 8 июли соли 2015 Ф.Расулов аз Р.Каримова гӯё барои анҷом додани баъзе корҳои лозимӣ вобаста ба хонаи мехаридаи охирин, барои сафар намудан аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе 200 доллари ИМА-ро талаб намуда, маблағи 1307 сомониро ба воситаи бонк гирифта, тасарруф менамояд. 9 июли соли 2015 Ф.Расулов баъди пурра ба боварии Р.Каримова даромаданаш аз охирин талаб мекунад, ки як қисми маблағро ба андозаи 20.000 доллари ИМА ба ӯ пешпардохт намуда, боқимондаашро пас аз ба анҷом расидани сохтмони бинои истиқоматӣ пардохт намояд. Худи ҳамон рӯз, Р.Каримова маблағи мазкурро аз шиносаш бо исми Мирзовалиев Илҳомҷон Мирзомуродович қарз гирифта, ба Ф.Расулов месупорад. Ҷабрдида зикр намудааст, ки ду нафар фарзандро танҳо ба воя мерасонад ва бо умеди харидани хонаи нав аз марказ қарз гирифта, ният дошт, ки баъдан хонаи худашро фурӯхта, қарзро бармегардонад, аммо дар натиҷаи фиребу қаллобии Ф.Расулов қарздор шудааст.
Судшаванда Ф.Расулов худро бо айби ба ӯ эълоннамуда қисман гунаҳгор шуморида, нишондод дод, ки дар ҳақиқат дар хиёбони Рӯдакӣ, бинои 84 хонаи истиқоматии сохтмонаш нотамом надорад, аммо шиносаш бо номи Ҳоҷӣ Шариф ба ӯ аз тариқи телефони мобилӣ гуфтааст, ки дар суроғаи зикршуда дар ошёнаи шашум, се хонаи сохтмони нотамом дорад ва бо ин сабаб ӯ ҷабрдидаро назди он бино бурда, гӯё хонаро нишон дода будааст. Ва гӯё маблағи 20.000 доллари ИМА-ро аз Р.Каримова гирифта, ба Ҳоҷӣ Шариф супоридааст, аммо ному насаби аслӣ ва ҷои зисти ӯро намедонад. Ф.Расулов иброз дошт, ки давоми шаш моҳ метавонад зарари ба ҷабрдида расонидаро бо озод шудан аз маҳбас барқарор намояд.
Бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Расулов Фурқатҷон Ҳамидович бо моддаи дар боло зикршуда гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ 10 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 3 сол бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъйин гардид.
Суд ҳамчунин ҳукм намуд, ки аз ҳисоби Ф.Расулов ба фоидаи ҷабрдида Р.Каримова зарар ба андозаи баробар ба 20.000 доллари ИМА бо асъори миллӣ бо қурби расмии дар рӯзи рӯёниш амалкунанда ва 1307 сомонӣ ситонида дода шавад.








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






