Ҳамкории байни Маҷлиси намояндагон ва Рийгикогу густариш меёбад

Июнь 21, 2016 16:55

Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар/. «Ҳамкории дуҷонибаи  Тоҷикистон бо Эстония  дар доираи муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ асосёфта, ин равобит дар рӯҳияи эътимоди байниҳамдигарӣ  сурат мегирад, ки барои ҳарду кишвар манфиатбахш аст»,- гуфт зимни мулоқоташ раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Эстония бо Маҷлиси намояндагон Ааду Муст.
Бо дахли масоили тавсеаи равобити байнипарлумонӣ Ш. Зуҳуров изҳор дошт, ки миёни парлумони ҳарду кишвар гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ амал менамояд. Инчунин сафари ҳайатҳои парлумонҳои Тоҷикистону Эстония ба кишварҳои якдигар ба таҳкими муносиботи байнипарлумонии ҳар ду кишвар ва истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ҷиҳати таҳия ва омода намудани қонунҳо мусоидат хоҳад кард.
Зикр шуд ки барои тақвияти ҳамкорӣ байни ду кишвар имконоти зиёд дар ҳамаи заминаҳо: равобити парлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, илму маориф, кишоварзӣ, фарҳанг вуҷуд дорад. Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ ва ҳамчунин кишоварзӣ ва ҷаҳонгардӣ дорои дурнамои умедбахш маънидод шуд. Таъкид шуд, ки парлумонҳои ду кишвар дар таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ нақши калидӣ бозида,  тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Рийгикогуи Эстония шароити мусоид фароҳам меорад
Инчунин  доир ба  ҳамкории Тоҷикистону Эстония  дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ табодули назар карда шуд. Зикр гардид, ки байни ду кишвар Эъломия дар бораи инкишофи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ, Созишнома дар бораи ҳамкории илмӣ байни Академияи илмҳои Эстония ва Академияи илмҳои  Тоҷикистон ва Созишнома байни Донишгоҳи Тарту ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки ин санадҳо заминаи таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи байни Тоҷикистон ва Эстонияро ба вуҷуд овардаанд. Инчунин мусоҳибон масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҳарду кишвар муҳокима намуда, таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд ва таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ зоҳир карда шуд. Мусоҳибон ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, бо назардошти имконоти нави воридшавӣ ба бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Нақши транзитии Эстония, аз ҷумлаи бандарҳои обии он низ муҳим арзёбӣ гардид.
Роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Эстония бо Маҷлиси намояндагон Ааду Муст  хостори густариши ҳамкории байнипарлумонии кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон шуда ва илова намуданд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ташрифи ҳайати  парлумони Эстония ба Тоҷикистон баррасии масъалаи тақвияти ҳамкориҳост.

Июнь 21, 2016 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад