Боз як тантанаи дӯстӣ дар варзишгоҳи Хоруғ

Июнь 29, 2016 11:03

Хоруғ, 29.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ бо ширкати беҳтарин овозхонон ва гурӯҳҳои ҳунарии ҷумҳурӣ консерти бошукӯҳ баргузор шуд, ки дар он бештар аз 10 ҳазор тамошобин ширкат намуданд. Дар рӯзи 27 июн дар ин варзишгоҳ барномаи адабӣ-мусиқӣ доир гашт, аммо бо сабаби камбуди ҷой аз нисф бештари мухлисон натавонистанд ба дидори ҳунармандони писандидаи худ бирасанд. Бинобар ин, Пешвои миллат дар хотимаи барномаи мусиқӣ- адабӣ ба ҳамаи ҳунармандон дастур дод, ки рӯзи 28 июн ин барномаро такроран ба сокинони шаҳр пешниҳод намоянд.Чун рӯзи аввал ин бор низ варзишгоҳ пур аз тамошобин гашт ва ба қавли мардум ҷои сӯзанпартоӣ намонд.
Яке аз овозхонони шинохтаи кишвар Муҳаммадрофеъ Кароматулло гуфт, ки: «Борҳо рӯи саҳнаҳои бузург ҳунарнамоӣ намудам, аммо ин гуна истиқболи самимӣ, кафкӯбӣ ва ҳамовозии мухлисонро дар ҳеҷ ҷои дигар надида будам. Хеле хушҳол ҳастем, ки тамошобинони мо аз майдони ҳунар бо шодию хурсандӣ берун шуданд. Агар фурсат даст диҳад, мо минбаъд бештар ба Бадахшон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳем».

Июнь 29, 2016 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид