Бузургтарин неъмат барои тоҷикон сулҳу ваҳдат ва истиқлолият аст

Июнь 14, 2016 11:26

Душанбе, 14.06.2016/АМИТ «Ховар»/. «Ваҳдат барои мардуми тоҷик бузургтарин ва арзишмандтарин неъмат ба ҳисоб рафта, асоси рушд ва   саодати ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад ва онро мебояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем». Ин матлаб зимни баргузории Конфронси  илмию амалӣ, ки таҳти унвони  «Омилҳои асосии  таҳкими ваҳдати миллӣ дар шароити муосир: вазъ ва дурнамо»  имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, зикр шуд.
Конфронси мазкур  бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар ба ифтихори 19-умин солгарди Рӯзи  Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн дар кишварамон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад,  созмон дода шуда,  дар он   кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти  мамлакат, Парлумон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии муқими Душанбе, олимону коршиносон, инчунин собиқ аъзои Комиссияи оштии миллӣ ширкат доштанд.
Ба андешаи Худобердӣ Холиқназар, директори   Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар, ҳадафи баргузории  конфронси илмию амалӣ дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ баррасӣ ва таҳлили амиқи паҳлуҳои гуногуни таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳалли мушкилот, хатарҳо ва дурнамои ин неъмати бузург-ваҳдат аз нуқтаи назари стратегӣ мебошад.
Дар конфронс таъкид шуд, ки Ваҳдати миллӣ дар радифи Эъломияи Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неруи бузургу созанда ва сарнавиштсоз барои мардуми тоҷик ба шумор меравад ва дар замони муосир бояд ин ду неъмати бебаҳоро аз ҳар гуна андешаҳои  ифротӣ  ҳифз карда, онҳоро азизу муътабар донем, зеро маҳз бо шарофати таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ҷомеаи муосири тоҷикон таҳти сарварии  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафтҳои  чашмрас, рушди бахшҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ мушарраф гардид. Ва аз ҳама муҳим, бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар сарзаминамон сулҳу оромӣ пойдор гардид. Дар ин росто ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик  аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии кишварамон буда, сутуни муқтадири Истиқлолияти давлатист, ки миллат ва давлати  Тоҷикистонро аз хатари парокандашавӣ эмин дошт  ва сулҳу суботи комил ва сартосариро дар сарзаминамон пойдор намуд.
Иштирокдорони конфронс доир ба роҳҳои тақвияти  ваҳдати миллӣ дар замони муосир, ҳифзи дастовардҳои Ваҳдати миллӣ,   вазъ, мушкилот ва дурнамои он ибрози назар намуда, баҳри тақвияти пояҳои Ваҳдати миллӣ дар кишвар пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

Июнь 14, 2016 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст