Дар Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат ифтитоҳ ёфт
Душанбе, 18.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. 17 июни соли равон дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд-2016» ба кори худ шурўъ кард. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар маросими кушодашавии ярмарка Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки тайи солҳои охир вилоят дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иқтисодиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Коргоҳҳои нави саноатӣ таъсис ёфтанд, дар натиҷаи гузарондани таҷдиди сохтор ҳазорҳо хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ ташкил шуданд, ободу кабудизорунии заминҳои бекорхобида босуръат идома дорад. Бо нерўи бозуи сокинони вилоят шаҳру деҳоти нави аҳолинишин сохта мешаванд, барномаи бунёду азнавсозии роҳҳо бомуваффақият амалӣ гардида, садҳо километр роҳҳои байналхалқӣ ва дохилӣ бунёд, таъмиру тармим шуда истодаанд.
Ярмаркаи макзкур бори сеюм аст, ки доир карда мешавад ва он аллакай мавқеи байналмилалиро касб кардааст. Дар ярмарка намояндагони 5 минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон -«Бишкек», «Норин», «Данғара», «Панҷ» ва «Суғд» ширкат доранд.
Давоми солҳои баргузории ярмаркаи савдову саноатӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Агар солҳои пеш 70-100 нафар намояндагони хориҷӣ ширкат карда бошанд, имрўз дар ярмаркаи савдову саноатӣ бештар аз 260 нафар меҳмонон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, давлати Полша, Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз тамоми манотиқи Тоҷикистон иштирок доранд. Имконоти содиротии вилоят сол аз сол афзун мегардад. Танҳо аз аввали соли равон ба мамолики хориҷа 56 ҳазор тонна пиёз, 3 ҳазор тонна меваи тару тоза, пеш аз ҳама зардолу,453 тонна сабзавот ва 15 ҳазор тонна хушкмева содир карда шуд. Дар ҳамин давра ба манотиқи мухталифи Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бештар аз 70 тонна маҳсулоти полезӣ содир гардид. Бо мақсади афзун гардондани хосил ва рушди содирот майдони кишти полезиҳо аз 2000 гектари соли гузашта имсол ба 2600 гектар расонда шуд. Феълан баҳри рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ фаъолияти марказҳои логистикӣ равнақ меёбанд. Дар қаламрави вилоят баҳри ба минтақаи аграрию саноатӣ табдил додани он корҳо идома доранд. Дар назди КМ «Зарафшон» фабрикаи дуюми аффинаҷӣ ба фаъолият шурўъ кард, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 1 млн тонна семент дар як сол корхонаи бузург ба кор дароварда шуд. Танҳо давоми ду соли охир дар қаламрави вилоят бештар аз 170 корхонаи хурду калони саноатӣ таъсис гардид. Новобаста ба паст гаштани нархҳо дар бозорҳои ҷаҳон соли 2015-ум нақшаи содирот дар вилоят ба 104 фоиз расонда шуд.


















«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд






