Дар Тошканд ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад

Июнь 23, 2016 15:02

Душанбе, 23.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. Ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 23-24 июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов дар Тошканд баргузор мешавад. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон ташриф бурд.
Бино ба ахбори расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон, ҳамчунин давлатҳои узви СҲШ: Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев, Президенти Русия Владимир Путин иштироки худро дар ҷаласа расман тасдиқ кардаанд. Давлатҳои нозирро Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбегдорж, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Maмнун Ҳусейн, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муҳаммад Зариф намояндагӣ мекунанд ва ҳамчунин Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ҳамчун меҳмони давлати раисикунанда ширкат меварзад.
Дар ҷаласа ҳамчунин Котиби генералии СҲШ Рашид Олимов ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Евгений Сисоев иштирок менамоянд.
Иштироки худро дар нишасти СҲШ  ҳамчунин роҳбарони созмонҳои байналмилалии  шарик: муовини Дабири кулли СММ Ҷеффрӣ Фелтман, раиси Кумитаи иҷроия, Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, Котиби Генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа, Дабири кулли АСЕАН Ле Лионг Мин ва Директори иҷроияи Машварат оид ба ҳамкорӣ ва чораҳои эътимод дар Осиё Гун Сзянвэй тасдиқ карданд.
Бино ба иттилои муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Анвар Носиров, барои иштирок дар ин чорабинӣ дар Тошканд дар маҷмӯъ тақрибан 1000 намояндагони давлатҳои аъзои СҲШ, ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин воситаҳои ахбори хориҷӣ ташриф меоранд.
Нишасти дарпешистодаи СҲШ ҷаласаи ҷашнии сарони давлатҳо мебошад ва ба солгарди понздаҳуми таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай бахшида шудааст.
Тибқи рӯзнома роҳбарони давлатҳо  масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба ва мутақобилан судманд дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхайро баррасӣ намуда, инчунин оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар менамоянд.
Санади ниҳоии асосии мулоқоти сарони давлатҳои аъзо Эъломияи тошкандии понздаҳсолагии СҲШ мебошад, ки он арзёбии фаъолияти созмонро тайи понздаҳ соли охир,  назарҳои мувофиқашудаи давлатҳои аъзо ба дурнамои рушди СҲШ, инчунин мавқеъ оид ба вазъи байналмилалӣ ва минтақавиро дар бар мегирад.
Сарони давлатҳо ҳамчунин нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2016-2020 оид ба татбиқи «Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025» ва як зумра санадҳои дигари ба рушди СҲШ ва таҳкими ҳамкории байни кишварҳои иштирокчӣ равонашударо тасдиқ мекунанд.
Нишасти дарпешистодаи СҲШ моҳиятан чорабинии хотимавии раёсати Узбекистон мебошад, ки дар доираи он аз ҷониби Узбекистон корҳои назаррас оид ба минбаъд беҳтар намудани фаъолияти СҲШ, густариши ҳамкорӣ дар доираи созмон дар соҳаҳои сиёсати амният, иқтисод ва робитаҳои башардӯстона анҷом дода шудаанд. Ба муҳтавои пурмазмуни рӯзномаи ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳо таваҷҷуҳи хосса дода шудааст.
Дар арафаи нишасти СҲШ дар Тошканд як қатор вохӯриҳои роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад. 21-22 июн  ҷаласаи навбатии вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Имрӯз мулоқоти Раёсати Шӯрои корӣ ва Шӯрои байнибонкии СҲШ, ки дар ҷараёни он мубодилаи афкор оид ба баланд бардоштани иштироки доираҳои соҳибкорӣ  ва молиявии давлатҳои аъзо ва давлатҳои нозир дар ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба нақша гирифта шудааст,  идома хоҳанд ёфт.

Июнь 23, 2016 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ карда шуд
Ҷалби сармоягузории Швейтсария ба бахшҳои калидии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе оид ба омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ брифинг доир шуд
Дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Дипломатҳои ҷавони Тоҷикистон дониши худро оид ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ такмил доданд
Роҳҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ шуданд
Дар Исломобод густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Австрия ва Созмони байналмилалии муҳоҷират баррасӣ шуд
Корвони мотосиклронҳои Покистон ба Тоҷикистон меояд
Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон бо сохтмони роҳи оҳани Самарқанд – Панҷакент шинос гардид
Раванди татбиқи Консепсияи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шуд
Дурнамои густариши робитаҳо байни Тоҷикистон ва Белгия баррасӣ гардид