Дастаҳои мунтахаби Мексика ва Венесуэла пеш аз муҳлат ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми Амрико-2016 баромаданд

Июнь 10, 2016 14:33

Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар гурӯҳи «С»-и бозиҳои  ниҳоии Ҷоми Амрико баъди ғалабаи дастаи мунтахаби Венесуэла бар Уругвай(0:1) ва Мексика бар Ямайка(2:0) ҷидду ҷаҳд барои роҳхат ба бозиҳои плей-офф дар ин гурӯҳ барҳам хӯрд. Новобаста ба бозиҳои даври сеюм Мексика ва Венесуэла бо касби 6 имтиёз ба даври бозиҳои плей-офф роҳхат гирифтанд. Дастаи мунтахаби Уругвай, ки даъвогари асосӣ барои ҷои аввал дар ин гурӯҳ буд, дар бозии аввал аз Мексика бо натиҷаи 3:1 шикаст хӯрд. Дар бозии дуввум бо Венесуэла ҳам ягона голи задаи Саломон Рондон дастаи мунтахаби Уругвайро бори аввал дар таърихи бозиҳои  Ҷоми Амрико  аз бозиҳои даври гурӯҳӣ дар канор кард. Акнун вохӯрии футболбозони Мексика ва Венесуэла 14 июн ғолиби гурӯҳро муайян мекунад.
Субҳи рӯзи дигар аз гурӯҳи «Д» дастаҳои Чилӣ бо Боливия ва Аргентина бо Панама вориди майдон мешаванд.

Июнь 10, 2016 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд