Дастаи мунтахаби Фаронса ба даври плей-офф баромад
Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи мунтахаби миллии Фаронса бо ҳисоби 2:0 бар тими мунтахаби Албания пирӯз шуду аввалин шуда, ба даври плей-офф баромад. Дидори ин тимҳои миллӣ дар доираи бозиҳои даври дуюми гурӯҳи А дар Чемпионати Аврупо сурат гирифт. Фаронсавиҳо дар ин дидор бозии хеле мушкил анҷом доданд. То охири бозӣ ҳеҷ натавонистанд хати дифои албаниҳоро рахна созанду ҳисобро кушоянд. Ниҳоят дар дақиқаи 90-уми дидор ҳамлагари бошгоҳи «Атлетико Мадрид» ва мунтахаби Фаронса Антуан Гризманн тавонист бо зарбаи аниқу дақиқи худ тӯбро таслими дарвозаи албаниҳо созаду ҳисобро кушояд.Ҳама гумон мекарданд, ки голи задаи Антуан Гризманн ягона голи ин дидор хоҳад буд, вале ин тахминҳоро Дмитри Пайе барҳам зад. Дар дақиқаҳои иловагӣ ин муҳофизатгари бошгоҳи «Вест Хэм Юнайтед» голи дуюми мунтахаби Фаронсаро вориди дарвозаи Албания намуд. Ин ғолибият ба дастпарварони Дидйе Дешама имкон фароҳам овард, то бо 6 имтиёз ба даври бозиҳои плей-офф бароянд.
Тими мунтахаби Албания ягон имтиёз ба даст наовардааст. Ду тими дигари гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби Шветсия дар хазинаи худ дар Евро-2016 айни ҳол 4 имтиёз дораду тими мунтахаби Руминия 1 имтиёз.
Фаронсавиҳои соҳиби майдон дидори ояндаи худро бо тими мунтахаби миллии Швейтсария 19-уми июн анҷом хоҳанд дод. Худи ҳамон рӯз тими мунтахаби миллии Албания бо мунтахаби Руминия сабқат мекунад.








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






