Дилшод Назаров дар Финландия мақоми дуюмро касб кард
Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалии «Paavo Nurmi Games» дар Финландия бо натиҷаи 78 метру 87 сантиметр мақоми дуюмро касб кард.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки рӯзи 29 июн баргузор шуд, рақиби аслии Дилшод — гурзандози Лаҳистон (Полша) Павел Фаҷдек бо натиҷаи 81,12 метр ғолиб шуд. Войтсех Новитски, ӯ ҳам аз Лаҳистон, бо натиҷаи 78,04 метр мақоми сеюмро соҳиб гашт.
Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дуюмро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд. Олимпиадаи навбатӣ барои Дилшод Назаров чорумин ба шумор меравад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






