Ду муштзани тоҷик дар Боку дар мубориза барои роҳхатҳои олимпӣ ба чорякфинал баромаданд
Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ду варзишгари тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон дар пойтахти Озарбойҷон Боку, ки барои роҳхатҳои олимпӣ талош доранд, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Тавре аз Хадамоти матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, аз ҳашт муштзани тоҷик ду нафар — Анвар Юнусов (60 кг) ва Шавкатҷон Раҳимов (64 кг) муборизаро барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Рио-2016 идома медиҳанд.
Анвар Юнусов дар вазни то 60 кило баъди ду пирӯзӣ бар Эдгарас Скурделис (Литва) ва Алӣ Аҳмад (Покистон) бо ҳисоби якхелаи 3:0, дар даври ҳаштякниҳоӣ рӯзи 21 июн бар Доменеко Валентино (Италия) бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Юнусов дар даври чорякниҳоӣ рӯзи 23 июн бо Волкан Гокек (Туркия) рақобат мекунад.
Шавкатҷон Раҳимов, ки дар нахустин рақобати худ дар вазни то 64 кило бар Енок Мвандила Поулсен (Дания) бо ҳисоби 3:0 дастболо шуд, дар даври ҳаштякниҳоӣ 21 июн Рошиелд Виллямсро аз Баҳрайн шикаст дод. Раҳимов дар даври чорякниҳоӣ 23 июн бо Кумар Маноҷ (Ҳиндустон) рӯбарӯ мешавад.
Бояд тазаккур дод, муштзанҳое, ки дар вазнҳои сабуку миёна, аз ҷумла то 60 ва 64 кило ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд.
Вале Баҳодур Усмонов (56 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (69 кг), Шаббос Неъматуллоев (75 кг), Меҳрубон Сангинов (81 кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (91 кг) — дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз мусобиқот хориҷ шуданд.
Файзен Раҳматшоев дар даврҳои муқаддамотӣ дар вазни то 52 кило ду пирӯзӣ ба даст овард. Вай бар Кирилл Сериков (Эстония) ва Абел Кебеде Туфа (Эфиопия) бо ҳисоби якхелаи 3:0 ғалаба кард. Вале Раҳматшоев дар даври ҳаштякниҳоӣ 21 июн аз Винсензо Рикардӣ (Италия) шикаст хӯрд.
Бахтиёр Мирзомуҳаммад, ки дар вазни то 69 кило дар нахустин қувваозмоияш Даниел Бабикро аз Словения дар оғози раунди севум бо нокаути фаннӣ шикаст дод, дар даври баъдӣ рӯзи 20 июн аз Аббос Бороу (Олмон) бо ҳисоби 0:3 мағлуб гашт.








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






