Ду муштзани тоҷик дар Боку дар мубориза барои роҳхатҳои олимпӣ ба чорякфинал баромаданд

Июнь 22, 2016 08:44

Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ду варзишгари тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон дар пойтахти Озарбойҷон  Боку, ки барои роҳхатҳои олимпӣ талош доранд, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Тавре аз Хадамоти матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, аз ҳашт муштзани тоҷик ду нафар —  Анвар Юнусов (60 кг) ва Шавкатҷон Раҳимов (64 кг)  муборизаро барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Рио-2016 идома медиҳанд.
Анвар Юнусов дар вазни то 60 кило баъди ду пирӯзӣ бар Эдгарас Скурделис (Литва) ва Алӣ Аҳмад (Покистон) бо ҳисоби якхелаи 3:0, дар даври ҳаштякниҳоӣ рӯзи 21 июн бар Доменеко Валентино (Италия) бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Юнусов дар даври чорякниҳоӣ рӯзи 23 июн бо Волкан Гокек (Туркия) рақобат мекунад.
Шавкатҷон Раҳимов, ки дар нахустин рақобати худ дар вазни то 64 кило бар Енок Мвандила Поулсен (Дания) бо ҳисоби 3:0 дастболо шуд, дар даври ҳаштякниҳоӣ 21 июн Рошиелд Виллямсро аз Баҳрайн шикаст дод. Раҳимов дар даври чорякниҳоӣ 23 июн бо Кумар Маноҷ (Ҳиндустон) рӯбарӯ мешавад.
Бояд тазаккур дод, муштзанҳое, ки дар вазнҳои сабуку миёна, аз ҷумла то 60 ва 64 кило ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд.
Вале Баҳодур Усмонов (56 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (69 кг), Шаббос Неъматуллоев (75 кг), Меҳрубон Сангинов (81 кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (91 кг) — дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз мусобиқот хориҷ шуданд.
Файзен Раҳматшоев  дар даврҳои муқаддамотӣ дар вазни то 52 кило ду пирӯзӣ ба даст овард. Вай бар Кирилл Сериков (Эстония) ва Абел Кебеде Туфа (Эфиопия) бо ҳисоби якхелаи 3:0 ғалаба кард. Вале Раҳматшоев дар даври ҳаштякниҳоӣ 21 июн аз Винсензо Рикардӣ (Италия) шикаст хӯрд.
Бахтиёр Мирзомуҳаммад, ки дар вазни то 69 кило дар нахустин қувваозмоияш Даниел Бабикро аз Словения дар оғози раунди севум бо нокаути фаннӣ шикаст дод, дар даври баъдӣ рӯзи 20 июн аз Аббос Бороу (Олмон) бо ҳисоби 0:3 мағлуб гашт.

Июнь 22, 2016 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд