Ифтитоҳи бинои боғчаи бачагонаи замонавӣ барои 100 ҷой ва оғози сохтмони маҷмааи “Меҳри Модар” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Душанбе, 21.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Худи ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшон бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Доночаро ифтитоҳ намуд.
Бинои наву замонавии боғчаи бачагон аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи наздики 4 миллиону 900 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ барои 100 кӯдак сохта шудааст. 35 нафар бо маоши миёнаи 1500-2000 сомонӣ дар ин муассисаи томактабӣ ба тарбияи кӯдакони хуштолеъи замони соҳибистиқлолии кишвар машғул мешаванд.
Фармоишгар ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Элитстройсервис” мебошад. Корҳои сохтмонӣ аз соли 2014 оғоз ёфта, соли 2016 бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд.
Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Доноча аз 19 хонаи хобу бозии кӯдакон, 1 толори варзишӣ, толори маҷлис бо 80 ҷойи нишаст ва 1 синфи мусиқӣ иборат мебошад. Дар таҳхонаи бино бошад, хонаи ҷомашӯӣ ва 3 утоқи корӣ мавҷуд аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми шароити тарбияи кӯдакон шинос шуда, ба соҳибкорону сохтмончиён барои бунёди бинои муосири боғча, ки дунёи поку беолоиши тарбиятгирандагонро рангин менамояд, баҳои арзанда дод. Тавре аён гардид, тамоми асбобу анҷоми хоб, машғулияту бозӣ, ҷароғҳои равшанидиҳанда бо ашёҳои гуногунранги хоси дунёи кӯдакон оро ёфтааст.
Кӯдакон бо қироати шеър ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин тӯҳфаи арзанда изҳори сипос карданд.
Баъди ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Доноча дар паҳлуи ин иншоот Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маҷмааи кӯдакон бо номи “Меҳри модар” барои 1200 ҷой бо Муҷассамаи модар майдони васеъеро интихоб намуд ва барои сохтмони он оғоз бахшид.
Ёдовар мешавем, ки ин иқдом яъне бунёди чунин як маҷмаа ба хотири гиромидошти қадру манзалати зан-модар ҳанӯз дар мулоқоти анъанавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Модар дар ҷамъомади тантанавӣ 6 марти 2015 ба миён омада буд.
Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ ба хотири тарбияи насли сазовори оянда муассисаҳои муосири томактабӣ муҷаҳҳаз бо тамоми ашёи лозима аз тарафи соҳибкорон бунёд мегардад.
Аз ҷумла, дар паҳлӯи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Доноча дар кӯчаи Нусратулло Махсуми маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Гулчеҳра Гулназарова ва Саидҷалол Ғайратов бо ҷонибдорӣ аз дастурҳои раҳнамунсозу ояндадори Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон боз ду боғчаи хусусии нави бачагон ҳар кадоме барои 130 кӯдак бунёд шуда истодааст.
Дар боғчаи хусусии Гулчеҳра Гулназарова корхои сохтмонӣ аз моҳи марти соли 2016 оғоз гардида, бомаром идома дорад.
Дар муассисаи томактабии Саидҷалол Ғайратов бошад, корҳо аз моҳи январи соли 2015 сар шудааст. Дар сурати пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншоот 40 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд мегарданд. Айни ҳол дар ин ҷо 15 нафар мутахассиси маҳаллӣ соҳиби кор аст.
Ҳадаф аз бунёди иншооти зиёди томактабии муосир дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ тарбия кардани насли худогоҳ мебошад ва дар доираи сиёсати иҷтимоӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.
















Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд






