Иштироки Пешвои миллат дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай

Июнь 24, 2016 14:37

Душанбе, 24.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. 24 июн дар шаҳри Тошканд ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба кори худ оғоз кард. Мавриди зикр аст, ки ҳамоиши навбатӣ ба 15 — умин солгарди таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай рост омад.
Дар макони баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони давлатҳою ҳайатҳои воломақомро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов истиқбол гирифт.
Пас аз аксгирии муштарак нахуст ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар теъдоди маҳдуд ҷараён гирифт, ки дар он роҳбарони аввали Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон иштирок карданд.
Дар ҷаласаи теъдоди васеъ бошад, ҳамчунин сарони давлатҳои нозир — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Белорус, Муғулистон ва намояндагони воломақоми як зумра созмонҳои байналмилалию минтақавӣ низ ҳамроҳ шуданд.
Ба кишварони шарики муколама Туркия, Шри-Ланка, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Непал, Камбоҷа ва Ҷумҳурии Озарбойҷон шомил мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нахуст ба ҷониби Узбекистон ва Ислом Каримов барои созмондиҳии шоистаи ин ҳамоиш ва меҳмоннавозӣ арзи қадрдонӣ намуд.
Ҳамчунин дар оғози суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати 15  — умин солгарди таъсисёбии Созмон ва сарони давлатҳои Покистону Ҳиндустонро барои шомил шудани кишварашон ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай табрику таҳният гуфт.
Зимни суханронӣ вобаста ба фаъолияти созмон ва таҳияву қабули барномаҳо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кард, ки татбиқи Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2025 барои дурнамои рушди Созмон заминаи воқеӣ мегузорад ва Тоҷикистон қабули Нақшаи амалро оид ба татбиқи ин стратегия давоми 5 соли оянда ҷонибдорӣ мекунад. Барнома имкон медиҳад, ки кишварҳои аъзо ҳамкориро ба сатҳу сифати нав бароварда, нақши созмонро дар ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ боло баранд.
Аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақшаи амали кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳодҳои мушаххас ба миён гузошта шуд. Тақвияти муборизаи дастаҷамъона бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир ба хотири таъмини амнияту субот дар минтақаву ҷаҳон ва тезонидани раванди таъсиси Бонк ва Фонди рушди Созмони ҳамкории Шанхай баҳри таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии дорои аҳамияти минтақавӣ, аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин ҷонибдории кишварро барои ҳар чи зудтар қабул шудани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризми байналхалқӣ баён намуд.
Эмомалӣ Раҳмон оид ба дигар паҳлуҳои ҳамкории кишварҳои аъзо дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетика, нақлиёту транзит ва фарҳангию гуманитарӣ  андешаронӣ карда, бори дигар мавқеи устувори Тоҷикистонро  барои таҳкими он муайян намуд.
Пас аз анҷоми суханрониҳо аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо як зумра санадҳо ба имзо расид.
Ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай қабул шудани Покистону Ҳиндустон ва қабули Эъломияи Тошканд аз натиҷаҳои бобарори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.
Зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов ва Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов оид ба натиҷаҳои кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай изҳорот доданд.

Июнь 24, 2016 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд