Истироҳатгоҳҳои вилояти Хатлон барои қабули муштариён омодаанд

Июнь 17, 2016 16:07

Душанбе, 17.06.16./АМИТ «Ховар»/.   Имсол  тибқи нақшаи тасдиқнамудаи раиси вилояти Хатлон барои ба истироҳат фаро гирифтани кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар давраи таътили тобистонаи соли 2016 дар муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, интернатӣ, истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, истироҳатӣ-меҳнатӣ, варзишию беҳдоштӣ 182 ҳазору 196 кӯдакону ҷавонон аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳал, иттифоқҳои касаба, сарпарастон ва шахсони саховатпеша дар се марҳала ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванд.
Аз ҷумла, ба муассисаҳои томактабӣ 33185 нафар, муассисаҳои интернатӣ-5970 нафар, муассисаҳои таълимӣ 22260 нафар, истироҳатгоҳҳои фароғатӣ-меҳнатӣ 14350 нафар, варзишию беҳдоштӣ 10664 нафар, фароғатӣ-таълимӣ 89590 нафар ва истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ 6177 нафар кӯдакону наврасон рост меояд.
Бояд зикр намуд, ки дар сатҳи вилояти Хатлон 5 истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора»-и мавзеи Муъминобод будаи шаҳри Кӯлоб, «Шифобахш»-и ноҳияи Вахш, «Офтобак»-и дараи Пехои шаҳри Норак, «Насими Фархор»-и ноҳияи Фархор ва истироҳатгоҳи «Бешаи сабз» дар ноҳияи Муъминобод фаъолият менамоянд, ки айни замон аз ҳисоби маблағҳои ҷудо намудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмиру тармим гардида, барои қабули истироҳаткунандагон омода аст.
Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар назди 127 муассисаи томактабӣ барои 10861 нафар, дар назди 18 муассисаи интернатӣ барои 2535 нафар, дар назди 517 муассисаи таълимӣ барои ташкили истироҳатгоҳҳои солимгардонӣ барои 7924 нафар, дар назди 175 бошишгоҳи саҳроӣ барои 4510 нафар, дар назди 81 майдончаи варзишӣ барои 1920 нафар, дар назди 6 истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ барои ҷалби 558 нафар, дар маҷмӯъ дар сатҳи вилояти Хатлон дар назди 924 муассисаи таълимӣ, интернатӣ, беруназшаҳрӣ, бошишгоҳҳои саҳроӣ, майдончаҳои варзишӣ барои ҷалби 28308 нафар кӯдакони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат ва бачагони лаёқатманд омода гардидаанд.

Июнь 17, 2016 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд