К. Каримзода, муовини Раиси Суди Конститутионии ҶТ: «Ваҳдати миллӣ василаи рушду таҳкими давлатдории миллӣ»

Июнь 24, 2016 08:40

«Марҳалаи начандон тӯлонии таърихӣ
собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат
миллати созандаву бунёдкор,
ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну
фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда,
метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ
ҷомеаи воқеан муосири демократӣ,
ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Душанбе, 24.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Хотимаи асри XX дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ҳам­чун давраи таҳаввулоти бузурги геополитикаи ҷаҳонӣ унвон гирифтааст, ки новобаста аз муносибат ва баҳои  мутахассисону коршиносони масоили соҳаҳои гуногуни илмҳои гуманитарӣ,  ин таҳаввулот тавонист ба раванди таърих, муносибати байналмилалӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ, андеша ва афкори сиёсию фалсафӣ, иҷтимоию фарҳангӣ тағйироти куллӣ ворид намояд.

Аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ ва низоми сотсиалистӣ ҳамчун як қутби муайянкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ бояд ба раванди минбаъдаи сиёсати ҷаҳонӣ, ки он тартиботи ҷаҳонии дар шаҳри Ялта (1945) муайнгардидаи низоми Вестфалӣ ба ҳисоб меравад, дигаргунӣ ворид намуда, ба муътадил гардидани сиёсати ҷаҳонӣ оварда мерасонид. Аммо вазъ ба ин ҳол сурат нагирифт. Дар ин раванд ва таҳаввулот демократияи ғарб худро ғолиб ва бе рақиби тавонои геополитикӣ эҳсос намуда, дар майдони тартиботи ҷаҳонӣ худро яккатоз дарёфт. Иштиҳои геополитикии он тамоми минтақаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, махсусан дорои захираҳои бой, сӯзишворӣ (нафту газ) ва дигар манбаи ашъёи хомро фаро гирифт, ки минтақаи Осиёи Миёна низ аз он дар канор намонд.

Бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки Ғарб худ дар муносибатҳои байналмилӣ ва байнидавлатӣ  «фалокатҳои гуманитарӣ», «инқи- лобҳои ранга», «хифзи ҳуқуқи инсон» ва «баҳори арабӣ» ворид намуданд, ки дар онҳо аз принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии эҳтироми интихоби сиёсии давлату халқҳои гуногун, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, бо роҳи осоишта ҳал намудани муноқишаи байнидавлатию дохилӣ ва ҳамкории байналмилалӣ нишоне нест. Инсоният шоҳиди ҳодисаҳои бесобиқаи дахолат ба корҳои дохилии давлат, аз байн бурдани  низому суботи сиёсиву иқтисодӣ, ба инобат нагирифтани иродаи аксарияти кулли халқҳо дар Сербия, Ироқ, Судон, Тунис, Яман,  Ливия,  Сурия ва Украина гардид.

Дар шароите, ки захираҳои табиӣ (манбаъҳои сӯзишворӣ, пиряхҳо, обҳои нўшокӣ, маҳсулоти хӯрокӣ ва ғ.) боз ҳам кам гардида,  ҳодисаҳои гуногуни фоҷиабори  экологӣ ба инсоният зарари зиёди молию ҷонӣ ба бор меоранд,  дар муқобили  ин аҳолии курраи замин сол то сол  зиёд шуда, талаботи он ба маҳсулоти ниёзи аввалиндараҷа боло  меравад,  дахолат ба корҳои дохилии давлатҳо боз ҳам авҷ гирифта, ягон давлати хурду миёна аз чунин мудохила кафолати  эмин буданро надорад, зеро дахолат бо асосҳои зикргардида қатъӣ амсоли (преседенти) байналми­лалӣ шуда, дар таҷрибаи давлатҳои ба истилоҳ демократияро ҳифзку­нанда «самараноки»-и худро ҳамчун воситаи муҳими расидан ба мақсаду ҳадафҳо исбот намуд.

Ҳодисаҳои фоҷиабори дар мамлакатҳои мазкур бахусус солҳои охир ба «баҳори арабӣ» ва табадуллоти давлатӣ гириф­торгардида, нишон меди­ҳанд, ки мақсад ва ҳадафҳои таҳиягарони ин ҷангҳо ва муноқишаҳои дохилӣ на ҳифзи манфиатҳои  миллии дав­латҳо ва халқҳои алоҳида, балки саркӯб намудани давлатҳои сиёсати мустақилонаи давлат­дориро пеш гирифта ва тайёр намудани мавқеъ барои дар оянда бо чунин роҳ дахолат кардан ба корҳои дохилии  дигар давлатҳо мебошад. Дар ин ҷангҳо  нақши «муборизаи шадиди иттилоотӣ», яъне тавассути барғалат,  нодуруст ва яктарафа маънидод намудани ҳодисаҳо, сафедро сиёҳ ва сиёҳро сафед нишон додан, шўронидани аҳолии аз маъ­ри­фати сиёсӣ, ҳисси ватану ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ дур, зери фиребу найранги хоҷагони хориҷии худ афтида хеле калон аст.

Чизи муҳиме, ки таҳиягарони ин муноқишаҳо  ба он аҳаммияти ҷид­дӣ медиҳанд ва барои онҳо  ҳамчун равған ба балои оташ зарур аст, ин аз байн бурдани ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии  халқҳо мебошад, ки дар аксар мавридҳо онҳо ба ин нияти нопоки худ  муваффақ мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз доираи сиёсати байналмиллалии па-сошӯравӣ дар канор монда натавонист.

Мавриди зикр аст, ки дар 25 соли истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти мардуми мо ба ғайр аз ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ  дидани чунин амал­ҳои  зишт низ кам набуданд, ки таҳмилгарони онҳо пайваста пайи ноором намудани авзои сиёсию иҷтимоии мамлакати мо ба амал мебароварданд. Тайи ин солҳо на як бору ду бор нияти нопок ва тири онҳо дар вилоятҳои  Хатлону Суғд, ноҳияҳои Тавилдараву Рашт, шаҳрҳои Хоруғу Душанбе ва Ваҳдат  хок хӯрдаанд. Имрўзҳо, ки мо дар рў ба рўи ҷашнгирии рўзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, ба солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ назар карда, ба он андеша меравем, ки чаро мо чун дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба ҷойи  баромадан ба шоҳроҳи бузурги дигаргуниҳои азими даврони аввали соҳибистиқлолӣ даст ба гиребони ҳам зада, ба ҷанги шаҳрвандӣ даст задем.

Ба истиқлолияти миллӣ, ки онро фарзандони барўманди халқамон тайи ҳазорсолаҳо ба даст оварданашро орзу доштанд, беэътиноӣ кардем. Шукри бе ҷангу муборизаи хунин ба даст омадани онро накардем, аз аспи ҷаҳолат фурў наомадем ва ба хотири мансабу курсӣ дар як муддати кӯтоҳтарин хуни зиёда аз 150 ҳазор ҳамватани худро рехтем, 55 ҳазор кӯдакро бе падар, 25 ҳазор занону модаронро бесаробон мондем, 1 миллион ҳамватанони худро ба гуреза табдил додем. Ба иқтисодиёти ба дастгириву навкунӣ ниёздоштаи мамлакат  зиёда аз 7 миллиард доллари амрикоӣ зарар расонидем. Аз ҳама хафнокаш ояндаи давлату миллат ва якпорчагии мамлакатро зери хавфу хатари ҷиддӣ гузоштем.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои ба ҷанги шаҳрвандӣ мубтало кардани мамлакат, як қатор омилҳои сиёсиву иҷтимоӣ мавҷуд буданд,  ки онҳо барои оғоз гардидан ва шиддат гирифтани  муноқишаи дохили давлатӣ бевосита мусоидат намудаанд. Аввалан, на ҳама ҳизбҳои сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмону ҳаракатҳои зиёди таъсисгаштаи мардумӣ тавонистанд ба моҳияти истиқло­лияти давлатӣ дуруст сарфаҳм раванд. Набудани таҷриба ва фарҳанги оддидатарини муборизаи ҳизбиву сиёсӣ, нафаҳмидан ва баҳо дода натавонистан ба вазъияти ҷории ба амаломада, амалан ҳизбҳои сиёсии дар заминаи (платформаи) демократӣ бударо аз омма ва тарафдорони онҳо дур карда, ташаббус аз дасти онҳо берун рафт. Онҳо оммаро ба ҷойи ба корҳои давлату давлатсозӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ эълондоштаи Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудан, ба майдонҳо ва мухолифати байни ҳамдигарӣ тела дода, ба фазои нобоварии байниҳамдигарӣ замина гузоштанд.

Онҳо дарк накарданд, ки ҷамъ омадан дар майдон-ин нишонаи хоҳиши тамоми мардуми Точикистон нест ва як майдон метавонад боиси ҷамъ омадани чандин майдонҳои дигар гардад, барои давлату  миллат оқибати ногувор, ҳатто ҷангу муноқишаи дохилиро ба миён оварад. Баъдан, набудан ё ташаккул наёфтани элитаи сиёсии миллӣ, ки манфиатҳои миллӣ ё манфиатҳои қисмати зиёди мардуми Тоҷикистонро фаро гирифта тавонад ё сохтори ҳокимияти давлатиро  ташкил дода, барои тадбиқи масъала ва вазифаҳои марҳилаи аввали истиқлолият сафарбар намояд, ба саросар итоат накардан ба ҳокимият, беҳокимиятӣ ва вусъат гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ мусоидат намуд. Дар ин замина як қатор созмонҳои мардумии ба маҳалҳо асосёфта натавонистанд ба сулҳу ваҳдат  мусоидат намуда, садди роҳи муноқиша гарданд ва чуноне ки соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Созмонҳои гуногуни маҳаллӣ бо номи «Лаъли Бадахшон», «Ҳамдилон», «Меҳри Хатлон», «Ҳисори Шодмон», «Истаравшан» ва «Зарафшон» арзи вуҷуд карданд, ки сарфи назар аз ниятҳои худ ба якпорчагии Ватани азизамон мусоидат намекарданд».

Ҳамин тариқ, гуногунандешӣ дар Тоҷикистон чун дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ тавассути сиёсати бозсозӣ  ва баъдан пошхӯрии давлати абарқудрати шӯравӣ охирҳои солҳои ҳаштодум ва аввалҳои солҳои навадуми асри ХХ воридгардида аз аввал ба масъалаҳои фарҳангию ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона шуда буд. Он дар солҳои авввали истиқлолият хусусияти соф сиёсӣ, динию мазҳабӣ ва моҷарочўӣ  касб намуда, мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ тела дод. Оқибати он ҳанӯз ҳам аз хотири халқи мо зудуда нагардидааст. Албатта, ба ин муқовимати сиёсию ҳарбӣ дар мамлакат рушди инкишофи нобаробари минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, сатҳи пасти маърифати сиёсию фарҳангӣ, худшиносиву худогоҳӣ бе таъсир нест. Нақши қувваҳои иртиҷоии берунӣ низ дар барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон кам нест, ки ин масъала пажӯҳиши алоҳидаро тақозо дорад.

Ҳамасола мо аз рўзи 27 июни соли 1997, рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки аз тариқи сиёсиву ҳуқуқӣ ба ҷанги шаҳрвандии зиёда аз 6 сол дар мамлакат тӯлкашида хотима бахшид, дур меравем.

Аммо аҳаммияти таърихӣ, сиёсӣ ва  фарҳангии Ваҳдат моро ҳамеша бо мазмуну мундариҷаи нав дунболагир аст. Он  нишонаи ақлу заковат ва хиради азалии мардуми тоҷик аст, ки дар лаҳзаҳои ҳассостарини давлатдории худ хавфу хатари аз миён рафтани давлати миллии худро дарк намуда, мушкилиро аз муқовимати ҳарбию мусаллаҳона бо роҳи гуфтушунид ва музокирот ворид намуданд. Аз моҳи феврали соли 1994 то рӯзи ба имзо расонидани Созиш­нома баргузор гардидани 8 музокироти сулҳи тоҷикон ва аз 17-19 майи соли 1995 (Кобул) то 16-18 майи соли 1997 (Бишкек) 6 мулоқоти хоссаи роҳбари давлат бо роҳбари мухолифини тоҷик шаҳодати гуфтаҳои болоанд.

Ваҳдат  моро водор месозад, ки ба гузаштаи дуру наздики худ аз нуқтаи назари танқидӣ  ва андешаи миллӣ назар андозем, муваффақияти камбудиҳои ҳаёти давлатдориамонро мавриди таҳлили амиқ қарор диҳем. Ваҳдат бояд ҳолат, раванд, самти инкишоф, ғояи миллӣ ва муттаҳидкунанда, арзиши тағйирнопазири вобаста ба давраҳо ва шароити таърихи ҳар ҷомеа ва давлат бо мазмуну мундариҷаи нав рушдкунанда, ягонагии халқу миллат ва субъектону иштирокчиёни муносибатҳои сиёсӣ дар фаҳмиши ватану ватандорӣ, давлату давлатдорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллиро ифода кунад.

27 июн  имрӯз ва ҳазор солаҳои дигар низ барои мо азизтарин санаи таърихӣ ва ҷашни миллии мо маҳсуб мешавад, зеро вақти аз замо­ни ба имзо расидани Созишнома гузашта, ки он қадар давраи тулонӣ нест, собит намуд,  ки сулҳу ваҳдат дар ченаки вазъ ва суботи сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷомеа ва давлат дар сари хат қарор дошта, он асоси пешравӣ, фаъолияти созандаву бунёдкорона, эҷодкорӣ, навоварӣ, нишон додани симои миллату чеҳраи миллӣ ва боло рафтани обрӯю эътибори байналмилалии давлат мебошад. Онро мо бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва ба он ҳам­чун муҳимтарин василаи рушду таҳкими давлатдории миллиамон бовар дошта бошем.

 

К. Каримзода
муовини Раиси Суди
конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ.

Июнь 24, 2016 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд