Конфронси илмӣ оммавии «Ваҳдат пойдевори миллат» дар КМТ

Июнь 24, 2016 10:00

Душанбе. 24.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Рўзи  Ваҳдати миллӣ  таҳти унвони «Ваҳдат  пойдевори миллат» конфронси илмӣ оммавӣ доир гардид. Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода ба моҳият ва унсурҳои асосии Ваҳдати миллӣ таъкид намуда, гуфт: «Нуздаҳ сол қабл, яъне бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тўлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад».
Раиси Шўрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар мавзўи «Дурнамои таҳким ва ҳифзи ваҳдати миллӣ дар замони муосир» зикр  кард, ки: «Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурге гардид, ки кишвари тозаистиқлоли моро аз хатари парокандашавӣ наҷот дод. Дар  ҷараёни таҳаққуқи оштии миллӣ аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати нав, сиёсати ваҳдати миллӣ ба миён омад, ки мебоист ҷомеаи моро ба ҳамин дараҷаи нави сифатӣ расонад».
Инчунин маърўзаҳои дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов дар мавзўи «Омилҳои таҳкимбахшандаи Ваҳдати миллӣ» ва муовини фармондеҳи қувваҳои ҳарбӣҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ  тарбиявӣ  Абдурашид Холбоев «Ваҳдат-созандагию ободкорист» шунида шуданд.

Июнь 24, 2016 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад