Лигаи якум: Дастаҳо ба танаффуси тобистона рафтанд

Июнь 22, 2016 09:22

Душанбе,22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Баъди баргузории даври 9 Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар Лигаи якум дастаҳои ширкаткунанда ба танаффуси тобистона баромаданд, ки он то 19 июл давом мекунад. Бохти ғайричашмдошти «Панҷшер» аз «Зарафшон»(2:3) дар даври 9 дар майдонаш имкон фароҳам овард,ки  «Саройкамар» баъди ғалабаи чашмрас бар «Чашма» (6:0) аз нав ба садри ҷадвали мусобиқот барояд.

Дар даври нӯҳум «Кӯктош» низ дар сафар аз дастаи навтаъсиси «Парвин» (4:2) ба шикаст рӯ ба рӯ шуд ва аз зинаи 3 ба 4 поён рафт. Ин ҳолатро истифода карда, «Помир» баъди пирӯзиаш бар «Ҳулбук»(2:0) як зина боло баромад.

Дастаҳои «Коммуна» бар «Канд»(3:2) ва «Исфара» бар «Ваҳдат» (2:0) дар ин давр ғалаба карданд.

Нишонзанҳои беҳтарини Лигаи аввал инҳоянд:

Абдухалил Боронов («Панҷшер») – 14 тӯб, Фирдавс Зайнуллозода («Чашма») – 12 , Некруз Козимов («Кӯктош») – 9 тӯб.

Ҷадвали мусобиқот баъди 9 давр чунин аст:

    Б Ғ М Б Т/т И
1 «Саройкамар» (Панҷ) 8 7 0 1 21-4 21
2 «Панҷшер» (Балхӣ) 9 7 0 2 22-7 21
3 «Помир» (Душанбе) 9 5 2 2 20-11 17
4 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 8 5 1 2 18-7 16
5 «Исфара» (Исфара) 8 5 1 2 13-7 16
6 «Парвин» (Бохтар) 8 4 1 3 15-16 13
7 «Ҳулбук» (Восеъ) 8 3 1 4 16-15 10
8 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 8 3 1 4 8-18 10
9 «Чашма» (Шахритус) 9 2 2 5 15-23 8
10 «Канд» (Конибодам) 8 2 1 5 9-17 7
11 «Коммуна» (Фархор) 9 2 1 6 8-18 7
12 «Локомотив» (Душанбе) 8 1 2 5 7-18 5
13 «Зарафшон» (Панҷакент) 8 1 1 6 9-20 4

 

Даври 10 рӯзи 19 -20 июл гузаронида мешавад, ки дар он «Панҷшер» бо  «Саройкамар», «Исфара» бо «Зарафшон», «Кӯктош» бо «Ваҳдат», «Ҳулбук» бо «Парвин», «Канд» бо «Помир» ва «Локомотив» бо «Коммуна» қувва месанҷанд.

Июнь 22, 2016 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд