ММТ: Даври дуюми азнавбақайдгирӣ танҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад

Июнь 15, 2016 14:15

Душанбе, 15.06.16./АМИТ «Ховар»/.  Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабоне, ки мехоҳанд гурӯҳи ихтисосҳо ва ё комбинатсияи ихтисосҳояшонро иваз кунанд, мерасонад, ки аз 10-ум то 19-уми июн даври дуюми азнавбақайдгирӣ гузашта истодааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ММТ,  даври дуюми азнавбақайдгирӣ танҳо дар шаҳри Душанбе  дар бинои Маркази миллии тестӣ бо пардохти маблағи пурраи бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад. Инчунин имтиҳонҳо барои ин гурӯҳи довталабон дар даври имтиҳонҳои иловагӣ рӯзҳои 18-19 июл танҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Маблағи  барои даври дуюми аз навбақайдгирӣ пардохтшаванда 200 (дусад) сомонӣ буда, довталабони ятими кулл ва бепарастор аз пардохти маблағ пурра озоданд. Довталабоне, ки падар ё модарашон вафот кардааст, танҳо 50%-ро аз маблағи муайяншуда, яъне 100 (сад) сомонӣ пардохт мекунанд.
Бояд зикр кард, ки  довталаб барои даври дуюми азнавбақайдгирӣ бояд шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, варақаи бақайдгирии даври бақайдгирии асосӣ ва  расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оид ба пардохти маблағи пурраро пешниҳод намоянд.

Июнь 15, 2016 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад