Муассисаҳои тиббии ноҳияи Зафаробод соҳиби тадҳизоти замонавӣ шуданд
Душанбе, 09. 06. 16. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи Раёсати тандурустии вилояти Суғд барои таъмини муассисаҳои тандурустии ноҳияи Зафаробод таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла як автоклав, як таҷҳизоти сабти барқии дил, 1 адад микроскоп, 1 адад сентрафуга ворид карда шуд. Ҳамчунин ду таҷҳизоти нафаси сунъӣ ва як таҷҳизоти сабти барқии дил таъмир гардид.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар маҳаллаҳо ва муассисаҳои таълимию тандурустии ноҳия корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ таҳти унвони «Фарди солим — ҷомеаи солим», «Тафаккури солим — омили рушди ҷомеа», «Оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ» ҷараён гирифтанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи «Соли 2016 Соли фарди солим», корҳои ободонӣ ва таъмири муассисаҳои тиббии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома доранд.
Озмунҳои ноҳиявии «Ҳамшираи беҳтарин», «Табиби беҳтарин» ва «Муассисаи тиббии беҳтарин» гузаронида шуданд. Ҳамчунин дар партави ин тадбирҳо вохўрии роҳбарияти ноҳия бо донишҷўёне, ки дар муассисаҳои тиббии пойтахти мамлакат таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
Вохӯрии мазкур бобати бо мутахассисони соҳа таъмин намудани муассисаҳои тандурустии ноҳия мусоидат менамояд.