Мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония
Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 29 июни соли 2016 дар Вазорати корҳои хориҷӣ маросими имзои Созишнома аз тариқи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба лоиҳаи «Бурсия барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Созишномаи грантӣ ҷиҳати татбиқи ин лоиҳа баргузор гардид.
Мубодилаи ёддошт ва Созишномаи грантии мазкурро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов, кордори Сафорати Япония Такаши Камада ва роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ Киёши Ишии имзо карданд.
Ҷиҳати иҷрои тавофуқҳое, ки зимни музокироти сатҳои олӣ дар шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2015 ҳосил шуданд, дар доираи Созишномаи мазкур 5 нафар хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби бурсияҳои Ҳукумати Япония дар соҳаҳои робитаҳои байналмилалӣ, сохтмони институтсионалӣ, иқтисоди бозаргонӣ ва менеҷмент барои таҳсил ба Япония фиристода мешаванд.
Дар маҷмӯъ 23 нафар мутахассисони ҷавони тоҷикистонӣ аз ҳисоби бурсияҳои мазкур дар Япония таҳсилро бо муваффақият ба итмом расонда, унвони магистр гирифтанд. Айни замон аз рӯи лоиҳаи мазкур 10 нафар хизматчии давлатӣ дар Япония таҳсил доранд.








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






