Мулоқоти Далай-лама XIV бо Барак Обама

Июнь 20, 2016 10:47

Душанбе, 20.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ман хостори истиқлолияти Тибет нестам ва умедворам, ки гуфтушунид миёни намояндагони он ва ҳукумати Чин барқарор мешавад», — изҳор дошт Далай-лама дар мулоқот бо президенти ИМА Барак Обама.
Бино ба иттилои Кохи Сафед, зимни мулоқот ҳар ду ҷониб масъалаи вазъи тибетиҳоро дар Чин муҳокима намудаанд.
Б. Обама  нигоҳдории анъанаҳои пурарзиши динӣ, фарҳангӣ ва забонии Тибетро қатъиян ҷонибдорӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқи тибетиҳоро дар Чин муҳим шуморид. Ӯ ҳамчунин ба ҷонибдории Далай-лама ба сулҳ ва инкори хушунат баҳои баланд дод.
Президенти ИМА ба муколамаи созанда ва мустақим миёни Далай-лама ва намояндагони он бо ҳукумати Чин ба хотири коҳиш додани ташаннуҷ ва ҳал намудани нофаҳмиҳо даъват намуд. Дар ин росто, Б. Обама бори дигар мавқеи ИМА-ро баён дошта, зикр кард, ки ИМА Тибетро ҳамчун ҷузъи ҳудуди Чин меҳисобад ва истиқлолияти онро пуштибонӣ намекунад.
Дар навбати худ, Далай-лама изҳор дошт, ки ӯ хостори истиқлолияти Тибет нест ва умедвор аст гуфтушунид миёни намояндагони он ва ҳукумати Чин барқарор мешавад. Президенти ИМА Барак Обама ва Далай-лама ҳамчунин оид ба муҳимияти муносибатҳои созанда ва самарабахши ИМА ва Чин ба созиш расиданд.

Июнь 20, 2016 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад