Мулоқоти Пешвои миллат бо ҳамоҳангсози доимӣ, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев

Июнь 15, 2016 11:23

Душанбе, 15.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро бинобар сабаби анҷоми ваколаташ дар ин вазифа ба ҳузур пазируфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди ҳамкориҳо бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон аз рушди бештари робитаҳо баҳри татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола манфиатдор аст.

Александр Зуев ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои сиёсати созанда ва ҳамкории пурсамари Ҳукумати Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки минбаъд низ тамоми чораҳоро меандешад, то ки ин муносибот дар оянда ҳам дар сатҳи матлуб барои ҳар ду тараф манфиатбахш идома ёбад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкориҳо ва расондани кумаки техникиро ба Тоҷикистон омили муҳиме баҳри ноил гардидан ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат арзёбӣ намуданд.

Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид оянда ҳам судбахшу боровар хоҳад буд.

 

Июнь 15, 2016 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд