Мулоқоти Пешвои миллат бо Фармондеҳи фармондеҳии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотел

Июнь 15, 2016 11:09

Душанбе, 15.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Фармондеҳи фармондеҳии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотелро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америка пеш аз ҳама дар соҳаҳои мудофиа ва амнияту суботи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор намуд, ки «Ҷониби Тоҷикистон ҳамкории худро бо Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар ҷодаи амниятӣ омили муҳими нигоҳдориву таҳкими сулҳу субот дар минтақа бахусус дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон арзёбӣ намуда таъкид медорад, ки ин масоил дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон ҷойгаҳи хоссаи худро дорад”

Дар мулоқот ба саҳми Тоҷикистон дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ ва таъмини амнияту суботи минтақавӣ баҳои баланд дода шуда таъкид гардид, ки сатҳу сифати ҳамкорӣ ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн буда рушди бемайлони онҳо дар оянда барои таҳкими бештари иқтидори марзбонии Тоҷикистон дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон мусоидат менамояд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Барномаи кӯмаки байналмилалии молиявии Штатҳои Муттаҳидаи Америка,ҳамгироии муштарак дар бунёд ва ҷиҳозонидани инфрасохтори муосири сарҳадбонии Тоҷикистон, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси низомӣ барои Қувваҳои мусаллаҳ ва зиёд кардани иқтидору зарфияти воҳидҳои амниятию зиддитеррористӣ табодули афкор намуданд.

Июнь 15, 2016 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд