Ҷоми Тоҷикистон: қуръакашӣ ҷуфти дастаҳоро муайян кард
Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Қуръакашии бозиҳои 1/8- ниҳоии Ҷоми мамлакат, ки дирӯз дар бошгоҳи ФФТ гузаронида шуд, ду ҷуфти дастаҳои Лигаи олӣ- «Равшан»-и Кӯлоб бо «Вахш» ва «Регар-ТадАЗ» бо КМВА «Помир»-ро ба ҳам овард. Дигар дастаҳои ин Лига ҳарифони худро аз Лигаи якум интихоб карданд.
23-24 июл дар бозиҳои рафти 1/8- ниҳоӣ «Истиқлол» бо «Панҷшер»-и Балхӣ, «Парвоз» бо «Ваҳдат»-и Ваҳдат, «Канд»-и Конибодом бо «Барқчӣ», «Помир»-и Душанбе бо «Хайр», «Ҳосилот» бо «Парвин»-и Бохтар ва «Саройкамар»-и Панҷ бо «Хуҷанд» қувва месанҷанд. Бозии ҷавобӣ 30-31 июл баргузор хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими соли оянда шарафи мамлакатро дар бозиҳои Ҷоми КФО ҳимоя мекунад.









Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






