Қонуни зиндагӣ чунин аст: «Чун хиёнат кардӣ, ҷазояшро хоҳӣ дид»

Июнь 21, 2016 11:42

Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Заковати мардуми Тоҷикистон, хонандаву бинандаи тоҷик хеле боло рафтааст. Баъди содир шудани ҳукми суд нисбат ба аъзои фаъоли ҲНИТ ҳамчун як хонандаи оддӣ ба сомонаҳои интернетӣ рӯ оварда, бо фикру акндешаҳои мардум шинос шудам. Бояд бигӯям, ки назари мардумро дар мавриди ҳукми суд нисбат ба кирдорҳои ҷинояткорон мутаносибан дурусту мантиқӣ дарёфтам. Шояд дар миёни тоҷикистониён касоне ҳам пайдо шаванд, ки ин ҳукми ниҳоят саривақтӣ ва одилонаро нодуруст гӯянд. Мехостам аз чунин ашхос пурсон шавам, ки таҷрибаи зиндагӣ бояд чӣ қадар барои мо ибрат омӯзад, то мо дарси заруриро аз он бигирем? Агар хонаи мо, мошини мо ва ё ҳамёни моро дуздӣ кунанд, чӣ қадар мутаассир мешавему пайи ҷустуҷӯи гунаҳкор, яъне дузд мегардем. Нақшаҳо кашида, омодагиҳо мегирем, ки ба дузди дастгиршуда фалон суханҳо гуфтаву фалон ҷазоҳо медиҳем. Манзури суханони ман ин аст, ки то мо худ ҷабр аз ҷинояткор набинем, ба қадри сухтани ҷабрдида намерасем.  Фоҷиаи ниҳоят сангин барои  миллати моро, ки солҳои 90-ум рух дода, ҷони беш аз 20 ҳазор ҷавони тоҷикро бурда, хисороти ниҳоят калон овард, наметавон бо кадом як фоҷиаи дигаре баробар кард.

Мо ҳанӯз он даҳшати солҳои навадумро аз ёд набаровардаем. Садои тиру яроқро шабу рӯз мешунидем, ба гӯши мо дигар садои мусиқиву ханда, тӯю сур намерасид. Хонаводае набуд, ки мотамзада набошад. Бори вазнини оиладорӣ ба сари бевазанҳо афтода буд, онҳо танҳо барои нон кор меҷустанду бо  дили сард аз зиндагӣ, ноумеду маҳзун, дар ғаму ғуссаву андӯҳ, шаби даҳшатнокро ба рӯзи пурғам мерасонданд. Таҳхонаи биноҳо, тангкӯчаҳо, ҳаммомҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва маконҳои дигар бӯи хун мекарданд. Маркази пойтахт аз ҷасади мардони тоҷик пур буд. Касе чизе гуфта наметавонист, зеро дарҳол ҷои худро дар назди он мурдаҳои хобидаи бесоҳиб меёфт…

Биёед ба хотир орем, ки ин ҷараёни ба нестӣ бурдани сокинон кай ва аз ҷониби кӣ оғоз шуд? Дар масири таърих миллати тоҷик худро аз тири аду ҳифз карда, боре ба миллату давлати бегона худсарона ҳуҷум накардааст. Аммо моро тавонистанд тавре «роҳбаладӣ» намоянд, ки байни худ биҷангем. Ин механизми даҳшатафзо аз гирдиҳамоиҳо ва қасди бунёди давлати исломӣ оғоз шуд. Гӯё то он дам мо ба Ислом рӯ наоварда будем. Кӯрдилони муйаян, ки барояшон на ислому на Ватан манзалате надошту имрӯз ҳам надорад, бо фармони хоҷагони бурунмарзии худ кӯшиши ба нестӣ бурдани миллати тоҷикро оғоз бахшиданд. Таҳлилгарони ҷаҳонӣ он вақт аз байн рафтани давлату миллати тоҷикро аллакай пешгӯӣ карда буданд.  Шукри Худованди мутаол, ки он вақт ба сари миллати тоҷик марди ватандӯсту ҷонфидо Эмомалӣ Раҳмонро овард, ки борҳо ҷони худро барои таъмини сулҳу оромии кишвар сипар намуд.

Имрӯз, баъд аз гузашти 25 соли заҳмату машаққат, зиндагии мо рангу маънии тоза пайдо кард. Ҳоло субҳи мо таровату оҳанг,  шоми мо накҳату тафреҳ дорад. Майдоне, ки 25 сол қабл аз он бӯи хуну ваҳшат меомад, имрӯз ба боғи фораму рӯҳнавоз табдил ёфта, диққати сокинону меҳмонони пойтахтро ба сӯи худ мекашад. Акнун ҳар субҳу шом натанҳо аз хиёбонҳои Душанбе, балки аз кӯчаву маҳаллаҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Рашту Ҳисор бӯи гулу накҳати сулҳ бармехезад. Куҷо дар солҳои навадум мо ҳарфе ба забон аз қанду наботу меваҳои шаҳдбор оварда метавонистем, мардум дар орзуи нон мемурданд. Имрӯз фаровонии бозору мағозаҳоро кӣ надидааст?! Оромӣ, амонӣ, субот, таъмини қонуният ба осонӣ ба даст наомадаанд.

Ҳодисае, ки моҳи сентябри соли гузашта рух дод, бо итминон мегӯям, ки амали ниҳоят зишт ва хиёнаткорона буд. Собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода бо сарварии роҳбари ҲНИТ-и мамнӯъ Муҳиддин Кабирӣ ва фаъолони ин ҳизб нақшаи табаддулоти давлатиро тарҳрезӣ карда, санаву соати табаддулотро муайян намуданд, ба тарафдоронашон мактубҳо фиристода буданд. Роҳбари гурӯҳи муташаккили террористӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки чанд моҳ қабл аз амалӣ кардани нақшаи табаддулоти давлатӣ тарки Тоҷикистон карда буд, муваққатан аз ҷазои сазовор фирор кард. Вале аъзои дигари ин гурӯҳи ҷиноятпеша, ки қасди табаддулоти давлатиро доштанд, боздошт шуда, ҳукми одилона гирифтанд. Агар дар ғафлат мемондему субҳи 4-уми сентябри соли 2015 Абдуҳалим Назарзода бо фармони Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои дигари ҲНИТ табаддулот мекарданду сохти конститутсионӣ аз байн мерафт, боз куштору бесарусомонӣ ба миён меомад. Монанди Сурия, Яман, Ироқ, Ливия ба остонаи нестшавӣ мерасидем. Хушбахтона, худованд моро аз он рӯзи бад нигаҳ дошт ва гунаҳкоронро ба дасти адолат супурд.

Чаро имрӯз бархе аз ташкилотҳои давлатҳои Ғарб ва намояндагони онҳо дар кишвари мо «бонги изтироб»-и ҳангомаҷӯёна мезананд, ки дар Тоҷикистон мухолифин овози худро надоранд ва ё намояндагони ҲНИТ-ро ғайриқонунӣ ва ноадолатона маҳкум карданд? Магар дар шуъбаи милитсияи шаҳри Ваҳдат ва дар гардиши фурудгоҳи пойтахт гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ба сӯи одамони бегуноҳ, ки ҳангоми иҷрои вазифа қарор дошта буданд, бераҳмона тир холӣ накарда буданд? Ин ташкилотҳои давлатҳои Ғарб аз мо чиро интизоранд? Шояд Ҳоҷӣ Ҳалим таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар иҷро кардани нақшаи худ, яъне табаддулоти давлати муваффақ мешуданд, баъд ин ташкилоту намояндаҳояшон бовар мекарданд, ки ин гурӯҳ ниҳоят хатарноку ҷиноятпеша аст? Ҳатман бояд ҳазорон нафар бифавтанд, шаҳрҳо хароб шаванд, занҳо бе шавҳару кӯдакон бе падар монанд, баъд дар чашми онҳо ҷинояту хиёнат аён мешуда бошад?

Хуб мешуд, ки ташкилотҳои хориҷӣ, қабл аз ибрози «беадолатӣ» дар Тоҷикистон, як бор ба конститутсияи хеш, ба кодекси ҷиноятии кишвари худ, ба моддаҳое, ки барои ташкили гурӯҳҳои террористӣ, иҷрои амали террористӣ, тартиб додани нақшаи амали террористӣ ва ниҳоят барои ташкили табаддулоти давлатӣ ҷазо пешбинӣ кардаанд, назар намоянд ва бубинанд, ки барои чунин ҷиноятҳо ба ҷинояткорон чӣ гуна ҷазоҳо пешбинӣ шудаанд.

Қонуни зиндагӣ чунин аст: «Чун хиёнат кардӣ, ҷазояшро хоҳӣ дид».

Зафар Низомов,
омӯзгор, ш. Душанбе

Июнь 21, 2016 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд