Расадхонаи байналмилалии «Санглох»-и ноҳия Данғараи вилояти Хатлон аз нав ба фаъолият оғоз мекунад

Июнь 7, 2016 11:50

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 8 июни соли 2016  бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи байналмилалии «Санглох»  аз нав ба фаъолият оғоз мекунад.
Котиби  матбуоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин иттилоъ дод, ки  илми муосири астрономия дар Тоҷикистон аз рӯзи таъсиси Расадхонаи Тоҷикистон 13 ноябри соли 1932 бо Қарори Шӯрои Комиссарияти халқии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон оғоз гардидааст (соли 1948 он Расадхонаи Сталинобод номгузорӣ шудааст). Бо қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон аз 17 январи соли 1958 Расадхонаи Сталинобод ба Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Дар айни замон дар Институти астрофизикаи АИ ҶТ мушоҳидаи объектҳои табиӣ ва сунъии кайҳонӣ, аз ҷумла тибқи лоиҳаву барномаҳои байналмилалӣ иҷро карда мешаванд. Сохти метеорҳо ва атмосфераи болоии Замин, кометаҳо ва астероидҳо, ситораҳо ва галактика ба таври амиқ таҳқиқ карда мешавад. Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ саҳми институтро дар рушди илми астрономия хеле баланд арзёбӣ намуда, 7 сайёраи хурдро ба номи 7 олими шинохтаи институт ва 2 сайёраи дигарро «Тоҷикистон» ва «ГисАО» номгузорӣ кард.
Дар солҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти астрофизикаи АИ ҶТ неруи асосии илмии худ, расадхонаҳо ва таҷҳизоти асосиро ҳифз намуда, таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии кометаҳо, моддаҳои метеорӣ, объектҳои табиӣ ва сунъии наздизаминӣ, ситораҳои тағйирёбанда, комплексҳои ситораҳосилшавӣ, галактикаҳо ва падида (эффект)-ҳои сейсмоионосфериро идома дод. Дар таърихи 14 ноябри соли 2014 дар Агентии кайҳонии Аврупо (дар давлати Олмон) як воқеаи фараҳбахше мавриди таваҷҷуҳи олимони ҷаҳон қарор гирифт: дастгоҳи кайҳонии Розетта, ки дар сатҳи кометаи Чурюмов ва Герасименко қарор дорад, ба таҳқиқи амиқи ин комета оғоз намуд. Ифтихори олимони тоҷик аст, ки ин кометаро бори нахуст 29 сентябри соли 1969 олими Тоҷикистон -корманди илмии Институти астрофизикаи АИ ҶТ Светлана Герасименко кашф намудааст. Ҳоло дар Институти астрофизика 3 расадхона дар баландиҳои гуногун аз сатҳи баҳр фаъолият мекунанд: Расадхонаи Ҳисор (баландӣ  730 м), расадхонаи Санглох(баландӣ  2300 м) дар ноҳияи Данғара ва бахши он расадхонаи Помир (баландӣ  4350 м) дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ аст.
Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох»-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи тақрибан 150 километр дар самти ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст.
Расадхона соли 1977 сохта шуда, он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6  декабри соли 1995 мақоми байналмилалиро гирифтааст. Расадхона дорои телескопи оинагие мебошад, ки қутри он ба 1 метр баробар аст. Телескоп объектҳои андозаашон 10 сантиметрро дар масофаи 40 000 километр аз сатҳи замин дида метавонад. Сифати аксҳои ин телескоп тақрибан ба нишондодҳои телескопи қутраш 2 метра наздик мебошад.
Вале то солҳои наздик ин дастгоҳи нодир дар ҳолати корношоямӣ қарор дошт. Бо назардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди низоми  офтобӣ, кометаҳо, астероидҳо ва моддаҳои метеорӣ, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох»   барқарор карда шуд. Барқарор намудани Расадхонаи байналмилалии «Санглох»  барои ба даст овардани натиҷаҳои сатҳи байналмилалӣ имконият фароҳам оварда, барои рушди илм дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин ба олимон ва мутахассисони соҳаи астрономия имконият медиҳад, ки дар Расадхонаи мазкур фаъолият намуда, мушоҳидаҳои астрономӣ гузаронанд, бо олимони давлатҳои дунё ҳамкорӣ намоянд ва мактаби астрономии Тоҷикистонро тақвият  бахшанд.

Июнь 7, 2016 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад