Сафири Тоҷикистон дар Малайзия нусхаи эътимодномаи худро супорид

Июнь 17, 2016 09:03

Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 16 июни соли 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Муҳаммадӣ Музаффар Мунавварзод нусхаи эътимодномаи худро ба Сардори Раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Малайзия Дато Камилан Максом супорид.
Дар ҳошияи вохӯрӣ мулоқоти дуҷониба баргузор шуд, ки дар он оид ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Малайзия ва дурнамои онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дато Камилан Максом ба Сафири навтаъйини кишвар дар Малайзия дар иҷрои вазифаи баланди дипломатӣ ҷиҳати густариши ҳарчи бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар комёбӣ орзу намуд.

Июнь 17, 2016 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш