Шикасти дастаи мунтахаби Испания ва шонси хуби туркҳо барои гузаштан ба марҳалаи плей-офф

Июнь 22, 2016 10:04

Душанбе,22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо -2016 шоми дирӯз дар гурӯҳи «D» рақобатҳои даври охири бозиҳои гурӯҳӣ ба анҷом расиданд. Натиҷаи ғайричашмдошт дар вохӯрии байни дастаҳои Испания ва Хорватия ба қайд гирифта шуд. Испаниягиҳо, ки дар ин вохӯрӣ ба ақидаи мутахассисони футбол  соҳиби афзалияти бештар буданд, бо натиҷаи 1:2 мағлуб гардиданд. Ба голи дар дақиқаи 7 задаи Мората футболбозони хорват дар дақиқаи 45(Калинич) ва 87(Перишич) ҷавоб гардониданд ва бо 7 имтиёз ба зинаи аввали ҷадвали гурӯҳи «D» баромаданд.
Дар бозии дуввуми ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Туркия бар Чехия бо ҳисоби 2:0 зафар ёфта, ба мақоми сеюм роҳ ёфт ва имкон дорад аз байни дастаҳои беҳтарини ҷои сеюм муборизаро барои Ҷоми Аврупо-2016 идома диҳад.

Гурӯҳи D.

N Команда Б Ғ М Б Т/т И
1   ХОРВАТИЯ 3 2 1 0 5-3 7
2   ИСПАНИЯ 3 2 0 1 5-2 6
3   ТУРКИЯ 3 1 0 2 2-4 3
4   ЧЕХИЯ 3 0 1 2 2-5 1
Июнь 22, 2016 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд