«Таҳкими худшиносӣ ва тафаккури миллӣ бояд тарғибу ташвиқ шавад»-Эмомалӣ Раҳмон

Июнь 27, 2016 13:32

Душанбе, 27. 06.2016/АМИТ «Ховар»/. Ғояи ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар як марҳалаи муҳимму тақдирсози таърихи кишварамон ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеа нақши муассиру арзандаи худро ба анҷом расонид. Ва акнун замони он фаро расидааст, ки ин падидаи муттаҳидсози миллат дар байни сокинони мамлакат, аз ҷумла наврасону ҷавонон ба сифати воситаи муҳимми таҳкими худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳарчи бештар тарғибу ташвиқ карда шавад. Ин нукта  дар Паёми табрикии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ироа гардидааст.
Президенти кишвар дар идомаи Паём зикр намудаанд, ки:  «Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳкиму густариш меёбад. Бори дигар иброз медорам, ки пешрафту пирӯзиҳои то имрӯз ноилшудаамон ба туфайли соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд.
Аз ин лиҳоз, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва кӯшиш ба хотири густариши ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа вазифаи ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти мамлакат мебошад».

Июнь 27, 2016 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид