Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон дар Хуҷанд
Хуҷанд, 01.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд бо иштироки наздик ба 3 ҳазор кӯдакону наврасон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабинии идона бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон баргузор гашт. Дар маҳфили идона, ки дар соҳили рӯди Сир, дар Маҷмааи навбунёди фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» доир гашт, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ширкат намуда, кулли иштирокдорон ва ҳамаи кӯдакону наврасони вилоятро бо фарорасии Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон табрик гуфт.
Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон аксарияти аҳолиро ҷавонону наврасон ташкил медиҳанд ва аз ин лиҳоз барои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон, беҳтар намудани кори таълиму тарбия ва дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Хосатан, солҳои охир дар қаламрави вилоят чанд хонаи кӯдакон, мактаб — интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор, мактаб — интернат барои кӯдакони қувваи босираашон суст аз таъмир бароварда шуда, ба ин васила инчунин аз ҳисоби буҷаи вилоятиву шаҳру ноҳияҳо маблағҳои муайяне барои истироҳати муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва хосса кӯдакону тарбиятгирандагони ниёзманд ва лаёқатманд дар лагерҳои беруназшаҳрӣ роҳхатҳо ҷудо шудаанд.