Танҳо нафарони аз 18 — сола боло муҳоҷири меҳнатӣ шуда метавонанд
Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҳамарўза дар давоми вохўрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба қонунгузориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ суҳбатҳо гузаронида, таъкид менамоянд, ки он шаҳрвандоне, ки синнашон ба 18 нарасидааст, ба муҳоҷирати меҳнатӣ азми сафар накунанд.
Бинобар ҳамин, аз 10 июли соли 2013 Президенти Федератсияи Русия дар қонунгузории соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ тағйиру иловаҳоро дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба имзо расонид, ки дар он омадааст: «Шахсоне, ки синнашон ба 18 нарасидааст ва дорои иҷозатномаи кор (разрешение на работу), патент мебошанд, фаъолияташон қатъ карда шаванд ва онҳоро огоҳ намоянд, ки қаламрави Федератсияи Русияро ба хоҳиши худ тарк карда, ба давлати аҷдодии худ баргарданд.
Дар ҳолати саркашӣ ва аз ҳудуди давлати зикргардида набаромадан, аз ҷониби мақомоти дахлдор самти фаъолияти мазкур қатъ карда шуда, тибқи қонунҳои амалкунанда нисбат ба онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд».
Бинобар ин, дар Федератсияи Русия он муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор қабул карда мешаванд, ки синнашон ба 18 расида бошад.
Ҳамарўза дар мавриди вохўриҳо ё қабули сокинон-муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе муроҷиат менамоянд, таъкид карда мешавад, ки агар синнашон ба 18 нарасида бошад, ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар накунанд.
Дар ин бора мутахассиси пешбари Раёсати ХМ дар шахри Душанбе Фирдавс Бозоров ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






