Тантанаҳои Ваҳдати миллӣ дар ВМКБ идома доранд

Июнь 25, 2016 08:35

Хоруғ, 25.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи навбунёди Раҳмонободи ҷамоати Учони ноҳияи Шуғнон консерти бошукӯҳ бо ширкати ҳунармандони шинохтаи кишвар Муҳаммадрофеи Кароматулло, Бахтиёр Иброҳим ва  Фотима Машрабова баргузор гарид. Мухлисони ин ҳунармандони варзида ҳатто аз деҳоти дурдаст барои шунидани таронаҳояшон ба деҳаи Раҳмонобод омаданд ва аз шавқу шӯр вориди майдон шуда, ҳамроҳ бо онҳо рақсу суруд мехонданд. Як тан аз ҷавонони деҳа, ки худро Фазила Худоназарова муаррифӣ кард, изҳор намуд, ки доим таронаҳои ин овозхонҳоро аз телевизион тамошо мекардам ва ҳеҷ гумон надоштам, ки як рӯз онҳоро аз наздик мебинам. Имрӯз аз ин дидор  хушҳолам ва худро хеле роҳат ҳис мекунам. Фикр мекунам ҳамаи ин хушию тараб аз баракати ваҳдати миллӣ аст. Худи деҳаи навбунёди  мо низ бо раҳнамоии Пешвои миллат ва  бо шарофати ваҳдату ҳамгироӣ ва дӯстию рафоқати мардумони тамоми манотиқи кишвар бунёд ёфт. Бо истифода аз фурсат ҳамаи ҳамватанони азизи худро бо ин рӯзи муқаддас табрик мекунем ва орзу дорам, ки мисли ҳамин рӯз  лабонашон пуртабассум ва  хотирашон ҷамъ бошад.
Чунин чорабиниҳои фарҳангӣ бо ширкати хунармандони маъруфи ҷумҳурӣ дар  ноҳияҳои Роштқалъа, Рӯшону Ишкошим низ баргузор гаштанд.
Рӯзи 27 июн бо ҷалби наздик ба 4 ҳазор ҳунармандони касбию ҳаваскор ва бештар аз 10 ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи марказӣ тантанаи асосии Ваҳдати миллӣ баргузор мегардад.

Июнь 25, 2016 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд