Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти паст кардани хатари офатҳои табиӣ вусъат мебахшанд

Июнь 16, 2016 12:07

Душанбе, 16.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода  дирӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи назди Ҳукумати ҶТ вохӯрии раиси кумита Рустам Назарзода  бо роҳбарони ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, мулоқоти аввалини роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ  Хоакин Торо доир гардид.
Дар  вохӯрӣ Р.Назарзода  Тороро бо  самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ ва техногенӣ ва нақши ҳамоҳангсозии кумита дар татбиқи он ошно намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масоили омодагӣ ва бозомӯзии кадрҳо, мустаҳкам намудани имкониятҳои мавҷудаи Маркази таҳлилӣ- иттилоотӣ ва Маркази наҷотдиҳии кумита, таҳия ва таҷҳизи Маркази идоракунии вазъи буҳронӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин пешниҳодҳои кумитаро  барои таҳкими минбаъдаи он баррасӣ намуданд.
Баъдан Рустам Назарзода бо Кордори Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Такаши Камада вохӯрӣ намуда, ҷонибҳо зимни он  механизмҳои татбиқи лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон «Таҳкими иқтидори паст кардани хатари офатҳои табиӣ ва эътинои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  мавриди баррасӣ қарор доданд, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби  Ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ мешавад.
Инчунин пешниҳод гардид, ки  дар заминаи  Маркази таълимии кумита Маркази байналмилалии  барои таълим ва бозомӯзии кормандони сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя таъсис дода шавад.
Раиси кумита ба дипломати Ҷопон барои ҳамкорӣ изҳори сипос намуда, оид ба  муҳим будани  лоиҳаи муштарак  сухан гуфт. «Татбиқи ин лоиҳа кумаки воқеӣ ба аҳолӣ хоҳад шуд, ки вазифаи асосии мо мебошад», — гуфт Р. Назарзода.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон бояд идома ёбанд, то ки онҳо дар оянда ба таври муассир роҳи ҳалли масъалаҳои паст кардани хатари офатҳои табиӣ шаванд.

Июнь 16, 2016 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд