ВКД: Далелҳои қаллобӣ ошкор гардиданд

Июнь 22, 2016 11:29

Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат зани 36-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Н.Розиқ дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2006 марди 20-солаи сокини ҷамоати шаҳраки мазкур, ки қаблан бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 6 ҳазор  доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, зимни гузаронидани корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда ҳамчунин дар содир намудани боз як ҷинояти қаллобии дигар даст доштааст. Ӯ бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини ноҳияи Данғара даромада, аз ӯ 1 адад мошини шахсии тамғаи ЗИЛ-ро, ки арзишаш 4 ҳазору 500 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Гумонбари далелҳои қаллобӣ аз ҷониби  кормандони милитсия дастгир гардид.
Кормандони милитсия дар вилояти Суғд низ дар ин рӯз як далели қаллобиро муайян ва ошкор намуданд. Марди 32-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо ин ҷурм дастгир карда шуд, ки ӯ моҳи марти соли 2013 ба боварии шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, марди 55-сола, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳраки Бӯстон даромада, 30 ҳазор доллари амрикоиашро гирифта, дигар барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур зани 27-солаи сокини шаҳри Душанбе ба ҳамин монанд муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2015 шаҳрвандон: марди 55-сола, зани 45-сола ва як нафар марди 33-солаи сокинони шаҳри Душанбе аз бовариаш суиистифода намуда, 8 ҳазору 200 доллари амрикоиашро гирифта, то ҳол барнамегардонанд.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Июнь 22, 2016 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад