Ёдкарди Аҳмад Зоҳир: Ном ки ҷовид шуд…

Июнь 14, 2016 17:03

Хоруғ, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳе аз мухлисон ва ҳаводорони оҳангу таронаҳои ҳунарманди маъруф ва нотакрори Машриқзамин Аҳмад Зоҳир тасмим гирифтанд, ки ба хотири 70-умин солгарди рӯзи мавлудаш бо баргузории маҳфил аз зиндагӣ ва эҷодиёти ӯ ёдоварӣ намоянд. Азизмамад Гулмамадов, як тан аз мухлисони ин ҳунарманд гуфт: «Дар маҳфили мо бештар аз 20 овозхони маъруфи ҷумҳурӣ  таронаҳои Аҳмад Зоҳирро бозхонӣ мекунанд. Ман шахсан  наздики 40 сол сурудҳояшро гӯш мекунам ва наметавонам аз онон дил канам. Дар таърихи ҳунари муосири Шарқ то ҳанӯз мислаш ҳунарманди дигаре пайдо нашудааст, ки сурудҳояш чунин умри тӯлонӣ дошта бошанд. Рӯзи 14-уми июн ҳам рӯзи мавлуду ҳам  марги ин  хунёгари мумтоз аст ва аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки се соати шоми имрӯзро бо ҳузури садҳо тан аз ҳаводоронаш  ба Аҳмад Зоҳир бахшем».
Дар маҳфил сарояндагон аз шаҳру навоҳии кишвар ширкат меварзанд ва онҳо на танҳо таронаҳояшро бозхонӣ,  балки доир ба ҳаёту эҷодиёти Аҳмад Зоҳир аз китобу ёдномаҳо ва гуфторҳои дӯстон қиссаҳо мекунанд.
Аҳмад Зоҳир аз нахустин сарояндагони форсигӯи дунё аст, ки мусиқии  Шарқу Ғарбро бо ҳам  «оштӣ» дод ва марзро дар миёни ин ду тамаддуни бузурги дунё аз байн бурд.

Июнь 14, 2016 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад