Ёдкарди Аҳмад Зоҳир: Ном ки ҷовид шуд…
Хоруғ, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳе аз мухлисон ва ҳаводорони оҳангу таронаҳои ҳунарманди маъруф ва нотакрори Машриқзамин Аҳмад Зоҳир тасмим гирифтанд, ки ба хотири 70-умин солгарди рӯзи мавлудаш бо баргузории маҳфил аз зиндагӣ ва эҷодиёти ӯ ёдоварӣ намоянд. Азизмамад Гулмамадов, як тан аз мухлисони ин ҳунарманд гуфт: «Дар маҳфили мо бештар аз 20 овозхони маъруфи ҷумҳурӣ таронаҳои Аҳмад Зоҳирро бозхонӣ мекунанд. Ман шахсан наздики 40 сол сурудҳояшро гӯш мекунам ва наметавонам аз онон дил канам. Дар таърихи ҳунари муосири Шарқ то ҳанӯз мислаш ҳунарманди дигаре пайдо нашудааст, ки сурудҳояш чунин умри тӯлонӣ дошта бошанд. Рӯзи 14-уми июн ҳам рӯзи мавлуду ҳам марги ин хунёгари мумтоз аст ва аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки се соати шоми имрӯзро бо ҳузури садҳо тан аз ҳаводоронаш ба Аҳмад Зоҳир бахшем».
Дар маҳфил сарояндагон аз шаҳру навоҳии кишвар ширкат меварзанд ва онҳо на танҳо таронаҳояшро бозхонӣ, балки доир ба ҳаёту эҷодиёти Аҳмад Зоҳир аз китобу ёдномаҳо ва гуфторҳои дӯстон қиссаҳо мекунанд.
Аҳмад Зоҳир аз нахустин сарояндагони форсигӯи дунё аст, ки мусиқии Шарқу Ғарбро бо ҳам «оштӣ» дод ва марзро дар миёни ин ду тамаддуни бузурги дунё аз байн бурд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






