«Зан-роҳбар»: курсҳои омӯзишӣ барои занони хатлонӣ
Қурғонтеппа, 17.06.2016 /АМИТ Ховар/. Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Қурғонтеппа курси омӯзишии «Зан-роҳбар» бо иштироки тамоми мудирони шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Дар назди иштирокдорони чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Махфират Хидирзода дар мавзӯи «Сарварӣ ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ» ва «Имиҷи зан-роҳбар», мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилоят Маҳмадсабур Солиҳов дар мавзӯи «Сиёсати кадрӣ- мақсад ва вазифаҳо» ва «Одоби хизмати давлатӣ», номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, мудири кафедраи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амид Комилбеков дар мавзӯи «Менеҷменти нави давлатӣ», Марҳабо Олимӣ, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Сиёсати гендерӣ, дастовардҳо ва дурнамо» ва «Дастурдиҳӣ оид ба пешбурди коргузорӣ ва иҷрои санадҳои меъёрӣ дар самти оила» сухан гуфтанд.
Инчунин шунавандагон бо кори шуъба ва бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ва ноҳияи Бохтар шинос шуданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






