Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи рушди маҳал дар нимсолаи якуми соли 2016

Июль 12, 2016 17:12

Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз таҳти роҳбарии Қосим Роҳбар, раиси  Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор шуд.
Тавре аз Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, дар рафти ҷаласа самти омӯзиш ва таҳлили фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ  ва тақвияти масъулияти онҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчунин ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2016 ва вазифаҳои минбаъдаи воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Кумита баррасӣ гардидаанд.
Раиси Кумита Қосим Роҳбар нисбат ба омӯзиш ва таҳлили фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуда буданд, баҳогузорӣ намуда,  иброз дошт, ки имрӯз барои ҳалли мушкилиҳои пешомада зарурати ҳамоҳангсозии фаъолияти  кумита бо мақомоти идоракунии маҳаллии ноҳияи Рӯдакӣ  пеш омадааст, ки минбаъд фаъолияти мақомоти мазкур ба таври шаффоф арзёбӣ карда шавад. Дар оянда дар назди тамоми раисони ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ бо истифода аз слайдҳо бо назардошти тавсия ва хулосаҳо машваратҳо гузаронида шаванд, ки мақсади асосӣ гузаронидани ислоҳот дар сохтор мебошад. Аз ин рӯ, самти фаъолият бояд он мақсад ва вазифаҳоеро муайян намояд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос ёфта, дар пешрафти мақомоти идоракунии маҳаллии кишвар саҳми босазо гузорад.
Ҳамзамон, Қосим Роҳбар аз рӯйдодҳои сиёсии семоҳаи дуввуми соли равон оид ба омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 майи соли равон ба вуқӯъ омад ва чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки 27 июни  соли равон  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сатҳи баланд ҷашн гирифта шуд, саҳми кормандони кумитаро дар ин чорабиниҳои сиёсӣ дар алоҳидагӣ ёдовар шуд.
Қосим Роҳбар ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2016- ро муҳокима намуда, вобаста ба вазифаҳои минбаъда ба воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии кумита дастуру супоришҳо дод.

Июль 12, 2016 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад