«Ҳавои тоза» бар зидди ихроҷи газҳои нақлиёти автомобилӣ

Июль 8, 2016 09:40

Душанбе, 08.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 21-уми июли соли 2016 дар қаламравӣ ҷумҳурӣ амалиёти мақсадноки «Ҳавои тоза» гузаронида мешавад.
Ин иқдом бо мақсади кам кардани таъсири зараровари ихроҷи газҳои нақлиёти автомобилӣ ба муҳити атроф аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Дар робита ба ин  Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъолона иштирок намоянд. Ҳамчунин, ба шаҳрвандон муроҷиат шудааст, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, воситаҳои нақлиётро дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доранд.
Ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоред!

Июль 8, 2016 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад