Ҷавонони Ҳисор ба «Шашмақом» ва «Фалак» таваҷҷуҳи зиёд доранд
Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ташкили ансамбли «Шашмақом» ва «Фалак» дар назди Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинови шаҳри Ҳисор ба афзудани таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон ба «Шашмақом» ва «Фалак» мусоидат намуд.
Ансамблҳои мазкур моҳҳои март-апрели соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҳунари халқии «Шашмақом»-у «Фалак», ки қадимтарин ва нодиртарин шаклҳои санъати овозхонӣ дар таърихи фарҳанги тоҷик эътироф шудаанд, ташкил гардида буданд.
Алҳол роҳбарии бадеии ансамблҳои мазкурро ҳунарманди ҷавон Хусрави Муҳиддин бар ӯҳда дорад ва шумораи ҷавонону наврасоне, ки ҳаваси аз худ кардани санъати мазкурро доранд, рӯз то рӯз меафзояд.
Ансамбли «Шашмақом» консерти ҳисоботии худро дар арафаи ҷашнгирии «Рӯзи Шашмақом», ки ҳар сол 12 май таҷлил мегардад, дар сатҳи баланд баргузор намуд. Ансамбли «Фалак» алҳол барои ҷашнгирии «Рӯзи Фалак», ки 10 октябр таҷлил мегардад, омодагӣ мебинад.








ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд






