Ҷавононро зарур аст, ки дар ободонии диёри аҷдодӣ саҳми худро гузоранд

Июль 21, 2016 08:27

Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб вохӯрии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷавонон, донишҷӯён, варзишгарон, дружиначиёни ихтиёрӣ ва гурӯҳи «Пешоҳанг» дар минтақаи Кӯлоб доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, дар чорабинӣ зикр гардид, ки  вохӯрии имрӯза, ки  дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ҷавонони мамлакатро бо ҳам муттаҳид намуд. Ҷавонон бо кору фаъолият, мавқеъ ва саҳми худ дар рушду инкишофи ҷомеа метавонанд барои ободию гулгулшукуфии мамлакат корҳои бузургро ба анҷом расонанд.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода оид ба нақши созандаи ҷавонон дар рушду нумуи кишвар ва пешравию тараққиёт ибрози андеша намуда, зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро баҳри он меандешад, ки насли ояндасози миллат аз тамоми шароит ва техникаву технологияи муосир бархӯрдор гардида, барои омӯхтани илму дониш саъю кӯшиш намояд.
Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат Ҳукумат то имрӯз чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Аз ин рӯ, бояд ҷавонон бо шукргузорӣ аз сулҳу суббот ва неъмати бебаҳои Истиқлолият саҳми босазои худро дар ободонии диёри аҷдодӣ гузоранд.
Дар ҷамъомад аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҷавонон, донишҷӯён, варзишгарон, дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва гурӯҳи «Пешоҳанг», ки бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намуда, саҳми арзандаи худро дар дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ гузоштаанд, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Июль 21, 2016 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд