Бӯстон: Ба 3380 нафар хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Суғд, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Табибони шаҳри Бӯстон дар соли 2016, ки аз ҷониби раиси вилояти Суғд дар қаламрави вилоят «Соли фарди солим» эълон гардидааст, ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ ҷаҳду талош варзида, дар ин самт ба хизматрасониҳои тиббии ройгон ба аҳолӣ бештар таваҷҷуҳ менамоянд.
Тибқи иттилои сардухтури Беморхонаи шаҳрӣ Умедҷон Абдуллоев, дар нимсолаи аввали соли 2016 дар ин беморхона ба 332 нафар беморон ба маблағи 69 ҳазору 396 сомонӣ хизматрасонии ройгон барои гузаронидани таҳлил ва табобат расонида шуда, дар ин давра дар ташхисгоҳи Маркази саломатии шаҳр 3941 адад таҳлил гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 2848 ададаш ройгон мебошад.
Инчунин дар ин давра бо ташаббуси масъулини маркази ташхисӣ тиббии шаҳр духтурони чашм ва ҷарроҳони асаб аз Кореяи Ҷанубӣ даъват карда шуда, ба зиёда аз 200 нафар шаҳрвандон хизматрасониҳои ройгони тиббӣ гузарониданд. Аз ҷумла ба беш аз 150 нафар машваратҳои тиббии ройгон дода шуда, 50 нафар беморон аз шаҳру навоҳии гуногуни вилоят ба маблағи 37 500 сомонӣ ҷарроҳии ройгони чашм гузаронида шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






