Ба Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кумак расонида шуд

Июль 7, 2016 10:48

Душанбе, 07.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод як миқдор маводҳои хурокворӣ аз қабили орд, равған, гӯшт, макарон, шакар, молҳои варзишӣ аз қабили шоҳмот, тӯб, бадминтон, як адад мошини ҷомашӯӣ ва як адад яхдон дар арафаи  Иди Рамазон тақдим намуданд.
Намояндагони вазорат дар назди истиқоматкунандагони Мактаб интернат баромад намуда, онҳоро аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорат  бо фаро расидани Иди саиди Фитр табрик намуданд. Зикр гардид, ки иҷрои амалҳои хайру савоб, аз ҷумла ғамхорӣ зоҳир намудан ба ятимону бепарасторон, пирону эҳтиёҷмандон, маъюбону камбизоатон чун ҳамешагӣ дар мадди назари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки  дастгири ятимону бепарасторон бошад ва дар ҳар вохӯрияшон сари ятимонро сила намуда  қайд менамоянд, ки онҳо худро «ятим» ҳис накунанд, онҳо падару модар доранд, падару модари онҳо давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.
Имрӯз дар Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод 208 нафар толибилмон таблиму тарбия мегиранд. Дар мактаб-интернат тамоми шароитҳо барои зиндагӣ ва таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Дар назди меҳмонон таълимгирандагони Мактаб-интернат барои ғамхории падаронаи  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда дар радифи чунин ғамхориҳо онҳо иброз намуданд, ки бо тартибу интизоми намунавӣ ва бо донишу хубу аъло таҳсил намуда, ба халқу ватани худ содиқона хизмат менамоянд.

Июль 7, 2016 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад