Бахшида ба 100-солагии Ашӯр Ҳайдаров намоиши мусаввараҳо доир гардид
Душанбе, 20.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии Ашӯр Ҳайдаров намоиши мусаввараҳои ин рассоми мониқалам баргузор гардида, дар он зиёиён, намояндагони корпусҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, инчунин омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи санъат ва Коллеҷи рассомии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки Ашӯр Ҳайдаров 14 июли соли 1916 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шуда, соли 1938 Омӯзишгоҳи рассомии ин шаҳрро бо баҳои аъло хатм намуда, иштирокдори Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ (1941-1945) мебошад.
Ашӯр Ҳайдаров соли 1955 ба шаҳри Душанбе омада, ба сифати рассом дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» фаъолият намуда, аз соли 1956 рассоми фонди бадеии Тоҷикистон, иштирокдори даҳаи адабиёт ва санъат дар шаҳри Маскав, аз соли 1958 аъзои Иттифоқи рассомони ИҶШС буда, соли 1990 ба гирифтани унвони «Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон» ва соли 1991 бо унвони фахрии «Рассоми Халқии Тоҷикистон» мушарраф гардидааст. Мавсуф 21 майи соли 1998 дар шаҳри Душанбе вафот намудааст.
Дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 38 асари Рассоми Халқии Тоҷикистон Ашӯр Ҳайдаров ҳифз ва нигоҳдорӣ карда мешаванд. Дар асарҳои ӯ табиати зебои диёр, симои шахсиятҳои маъруфи таърихи халқи тоҷик, аз қабили Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Мирзо Ризо, Раҳим Ҳошим, ҳаёти рӯзмарраи мардум, ҳунармандон, занон ва табиати зебову нотакрори Тоҷикистон тасвир ёфтаанд.
Мусаввараҳои «Рӯдакӣ дар байни ҳамдиёрон», «Шоир Абдураҳмони Мушфиқӣ дар Бухоро», «Вохӯрии Абӯ Алӣ ибни Сино бо олимони Ҳамадон», «Регистони Самарқанд», «Симои Арӯс», «Озодшавӣ аз зиндон», «Фаранҷипартоӣ», «Раиси колхоз Мирзо Ризо», «Афтодани Аморат», «Мумфарш намудани роҳ» ва як зумраи дигар ба қатори шоҳкориҳои ҳунари тасвирии муосири тоҷик дохил шудаанд.
Наққоши чирадаст кӯшиш кардааст, ки бо тобиш ва таносуби рангҳо табиати зебои диёр ва олами ботинии қаҳрамонҳои асарҳояшро ифода намояд.
Осори Ашӯр Ҳайдаров дар осорхонаҳои Маскав, Санкт-Петербург, Омск, Воронеж, Самарқанд ва дигар шаҳрҳо ба намоиш гузошта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки намоиши асарҳои Рассоми Халқии Тоҷикистон Ашӯр Ҳайдаров то 1 августи соли 2016 идома меёбад.











Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад






