Бо супориши Сарвари давлат ба кишоварзони ноҳияи Ишкошим таҷҳизоти нави техникӣ ирсол карда шуд

Июль 29, 2016 16:46

Хоруғ, 29.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳангоми мулоқот бо бошандагони ноҳияи Ишкошом, ки моҳи июни  соли ҷорӣ доир гардида буд, ба масъулини соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ супориш дод, ки деҳқонони ин ноҳияро бо техникаю механизмҳои зарурии кишоварзӣ таъмин намоянд.
Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» бо дастури Пешвои миллат 1 комбайни ғалладарав, 2 трактори МТЗ-82, 12 мотоблокҳои хурд, 12 алафдарави хурд, 8 испор ва дигар намудҳои техникаи кишоварзиро ба ин ноҳия интиқол доданд.
Сардори шуъбаи фаръии «Агролизинг» дар ВМКБ Зокир Қурбоноҷонов зикр намуд, ки ноҳияи Ишкошим дар муқоиса бо ноҳияҳои дигари вилоят майдонҳои васеи кишт дорад, вале бо сабаби норасоии техникаву механизмҳо на ҳамаи китъаҳои замини ин навоҳӣ истифода мешаванд.
Акнун бо дастрас гардидани техникаи кишоварзӣ ба деҳқонони ин минтақаи дурдаст имконияти мусоид фароҳам оварда шуд. Умед аст, ки минбаъд маҳсулоти босифат ва арзони кишоварзони ин навоҳӣ дар бозорҳои ноҳияву вилоят пешкаши сокинон хоҳанд гардид.

Июль 29, 2016 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод