Далер Мерганов, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»: Чаро «Устод» хор шуд?
Душанбе. 08.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Забон ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист. Ҳар халқу миллатро дар таърих маҳз тавассути забон, осор ва фарҳангаш мешиносанд ва эътироф мекунанд. Забони мо ва таърихи гузаштаи он мояи ифтихор ва омили асосии ҳамбастагии миллат мебошад. Дар забонҳои олам вожаҳое мавҷуданд, ки онҳо хоси ифодаи эҳтирому самимият ба шахси мавриди хитоб мебошанд.
Мутаассифона, бо «шарофат»- и иддае чунин вожаҳо айни замон дар забони тоҷикӣ ба калимаҳои туфайлӣ табдил меёбанд. Масъулини соҳа «муҳри хомӯшӣ ба лаб задаанд», ҳол он ки эҳтироми забони модарӣ бояд таҳти назорати доимӣ қарор дошта бошад. Муътақидам, ки бе арҷгузорӣ ба забони давлатӣ мо наметавонем ба дастовардҳои қобили таваҷҷуҳ ноил гардем, зеро кулли дастоварду пешравиҳо маҳз аз гиромидошти забон маншаъ мегиранд. Ҳар қадаре мо Ватанро бештар дӯст дорем, ҳамон андоза метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар-Ватан ва забони миллӣ, ки муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем.
Манзури ман аз гилаи дар оғози матлаб зикршуда, истифодаи бемавқеъ ва забонзада намудани вожаи «устод» аст. Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» калимаи мазкур ба се маънӣ — муаллим ва омӯзгори бузург, ихтисосманде, ки дар соҳаи худ ба ҳадди камолот расидааст ва унвони фахрӣ ба пешқадамони ягон соҳаи кору фаъолият омадааст.
Мутаассифона, айни замон ин вожаи ба маънои томаш муқаддасро чунон хору залил намудаем, ки ҳар нафар имкон пайдо намудааст, ки «устод» шавад. Мушоҳида мегардад, ки зимни муроҷиат ҳатто ба онҳое, ки аз омӯзгорӣ, ихтисосмандӣ ва пешқадамӣ дар ин ё он соҳа фарсахҳо дуранд, тавассути калимаи «устод» муроҷиат мешавад. Чунин ҳолат «оина дар хизмати кӯр аст» — ро ба хотир меорад. Аксар маврид ин вожа ба «абзор»-и муоширати тамаллуқкорон табдил ёфта, маҳз аз ҷониби онҳо ба дилхоҳ шахси барояшон «муҳим», сарфи назар аз он ки шахси мухотаб хислатҳои ба ин калима рабтдоштаро доро ҳаст ё не, «эҳдо» мегардад. Журналистон низ дар ин кор аз пешсафон маҳсуб шуда, қисмати бештар мусоҳибонашонро «устод» гӯён хитоб мекунанд. Табиист, ки ҳастанд шахсоне, ки арзандаи эҳтиром ва арҷгузорӣ мебошанд. Вале вақте ки журналист ба шахсе, ки шахсияташ маъруф нест ва ё дар фаъолият дастовардҳои қобили мулоҳиза надорад, ба василаи вожаи фавқ муроҷиат мекунад, шармовар аст.
Дар шароити шадид шудани бархӯрди манфиатҳо забони давлатӣ омили муҳими ваҳдат, таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва давлатдории миллӣ аст. Биноан, муҳиму саривақтӣ ва зарур аст, ки истифодаи бемавқеъ ва забонзада шудани вожаи муқаддаси «устод»- ро пешгирӣ намоем.
Мо — тоҷикон маъмулан Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро устод мегӯем, Аз ин нуқтаи назар, бигзор вожаҳое чун «устод» минҳайси дурдонаҳои бебаҳои хазинаи забони давлатии мо боқӣ монанд. Ба ибораи дигар, дурдонаро ба ҳар тоҷ насб намекунанд…
Шумо чӣ андеша доред, хонандаи азиз?








АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
ТОҶИКИСТОН ВА СҲШ: аз муколамаи сиёсӣ то ҳамкории амалӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Ташаббуси қонунгузорӣ оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши яклухту чаканаи сигаретаҳои электронӣ -қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст






