Дар Хуҷанд Мусобиқаи теннисбозони наврас баргузор гардид

Июль 22, 2016 16:28

Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар мактаб-Гимназияи №4 шаҳри Хуҷанд  мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба тенниси рӯи миз, байни писарон ва духтарони солҳои таваллудашон 2003 ва хурд бахшида ба 25  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мусобиқа зиёда аз 80 нафар наврасону ҷавонон иштирок намуданд, ки аз ин шумора 16 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Байни духтарон аз рӯи нишондоди натиҷаҳои мусобиқа мақоми теннисбози беҳтаринро Сабрина Муродӣ соҳиб гашта, Меҳрона Ҳакимова ва Мадина Юлдошова ҷойҳои ифтихории дуюму сеюмро ишғол намуданд. Байни ҷавонписарон бошад, Далерзода Муҳаммадазим тамоми ҳарифони худро мағлуб намуда, ҷойи аввалро соҳиб шуд. Ҷойҳои баъдинаи ифтихориро Эраҷ Холиқов ва Сӯҳроб Замирӣ ба даст оварданд.
Ба ғолибони мусобиқа медал ва ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Июль 22, 2016 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад