Дар натиҷаи чаппа шудани трактор ҷавони 24 — сола ба ҳалокат расид
Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 25 июл тахминан соати 18:30 ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» марди 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд» дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири мошини мазкур марди 39-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигари мошин марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия дар беморхона бистарӣ шудааст.
Инчунин 25 июл ронандаи трактори тамғаи «ЮМЗ -6», марди 35-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Истиқлол, дар нишебӣ аз уҳдаи идора намудани трактор набаромада, онро чаппа намудааст. Дар натиҷа мусофири трактор ҷавони 24-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






